ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАМОЛИДДИН МУМИНЗОД: «САЙЁҲИИ ТОҶИК ТАМОЮЛИ МУСБАТИ РУШД ДОРАД»

КАМОЛИДДИН МУМИНЗОД: «САЙЁҲИИ ТОҶИК ТАМОЮЛИ МУСБАТИ РУШД ДОРАД»

27 сентябр 2024, Ҷумъа
10
0
Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27-уми сентябр) тасмим гирифтем, ки бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод оид ба дастовардҳо ва дурнамои соҳа мусоҳиб шавем.
– Муҳтарам Камолиддин Муминзод, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон тадбирҳои муассир меандешад. Мегуфтед, ки имрӯзҳо воридшавии сайёҳон ба кишвар дар кадом сатҳ аст?
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва баромадҳои худ таъкид медоранд, ки дар марҳалаи кунунии рушди давлати мо сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо, тамоюли мусбати рушди соҳаи сайёҳӣ ба даст оварда шуд. Танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба кишвар 580 ҳазору 450 сайёҳ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 93 ҳазору 47 нафар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 129 мамлакат ба қайд гирифта шудааст. Ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Ӯзбекистон бо 422,6 ҳазор нафар, Россия 83,7 ҳазор, Қазоқистон 16,3 ҳазор, Чин 5,3 ҳазор ва Афғонистон бо 5,2 ҳазор нафар шомил гардиданд. Ҳамчунин, афзоиши сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур низ мушоҳида мешавад, ки ин нишона аз эътимоди сайёҳони хориҷӣ ва беҳбудии фазои сайёҳии кишвари азизи мо шаҳодат медиҳад.
– Солҳои охир шаҳри Душанбе мизбони ҳамоишҳои азими сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин чорабиниҳо ба рушди сайёҳӣ дар кишвар чӣ таъсири мусбате дошта метавонанд?
– Бисёр дуруст қайд кардед. Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе макони чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ гардида истодааст. Ҳамаи ин ба шарофати сиёсати созанда ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даст доданд. Бояд гуфт, ки баргузории чорабиниҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ яке аз воситаҳои муҳими раванди рушди босуръат ва тақвиятбахшандаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мебошад.
Масалан, Раванди оби Душанбе дар доираи Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва боло рафтани нуфузи кишвар мусоидат намуд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ – ин иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд мебошад. Бо ин мақсад, тайи моҳҳои оянда баргузор намудани як қатор чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ дар назар дошта шудааст. Яке аз онҳо баргузор намудани Форуми муштараки ҷаҳонии сармоягузорӣ дар самти сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина, Кумита бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили оид ба баргузории Форуми мазкур 3-4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва иштироки ӯ дар Форум ба мувофиқа расид. Ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби бештари сармоя ва сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад.
– Барои муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат Кумита чӣ корҳоро пеш мебарад?
– Масъалаи муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар хориҷа ва дохил бо ҷалби намояндагони кишварҳои хориҷӣ бо мақсади муаррифии бештари Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва ҷалби сайёҳон аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Кумита маҳсуб меёбад.
Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғи зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус дар самтҳои кӯҳнавардӣ, табобатӣ ва экологӣ, 16 чорабинӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва 11 чорабинӣ дар дохили кишвар баргузор шуд. Дар ин раванд, саҳм ва ёрии роҳбарону кормандони сафоратхонаҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қобили қайд аст ва аз фурсат истифода намуда, ба онҳо миннатдории хешро баён менамоям.
Гузашта аз ин, тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун бренди сайёҳӣ таблиғ мегарданд, ки дар он Кумита имкониятҳои сайёҳии гастрономӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳунарҳои мардумиро пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона мегардонад, ки таваҷҷуҳи зиёди ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад.
Масалан, 20-уми марти соли равон Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, блогерон ва намояндагони васоити ахбори омма аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Туркия, Ӯзбекистон, ҳайати меҳмонон аз Амороти Муттаҳидаи Араб, намояндагони бахши хусусӣ ва сайёҳони дохилию хориҷӣ бургузор гардид.
– Аз нақшаҳои ояндаатон ба хонандагон маълумот медодед?
– Кумитаи рушди сайёҳӣ барои давраи минбаъда вазифаҳоеро ба нақша гирифтааст, ки амалӣ намудани онҳо ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷумла, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти самарабахши Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, ки аз ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон сарчашма мегирад, гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои корҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонӣ мебошад. Инчунин, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, маркетинги маҳсулоти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва брендикунони маҳсулоти сайёҳӣ аз вазифаҳое мебошанд, ки фаъолияти минбаъдаи Кумитаро муайян мекунанд.
Дар маҷмуъ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив