КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ АЗ СЕРМАҲСУЛТАРИН ДОНИШМАНДОНИ ФАЛСАФА ВА МАКТАБИ ТАСАВВУФ АСТ
Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Вазъ ва тамоюли рушди фалсафаи муосири тоҷик (дар асоси фаъолияти илмӣ-амалии академик Кароматулло Олимов)”, ки бахшида ба 80-солагии олими шинохтаи тоҷик Кароматулло Олимов дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) баргузор гардид, олимон, муҳаққиқон, донишмандон ва ёру дӯстонро ба ҳам овард.
Нахуст, Қобилҷон Хушвахтзода, президенти АМИТ, бо сухани табрикотӣ ҳамоишро оғоз бахшида, иброз дошт:
– Кароматулло Олимов, олим, мутахассиси намоёни соҳаи фалсафа, устоди ҳазорон шогирд, ки даҳҳо нафарашон ба мартабаи устодӣ расидаанд, на танҳо дар ҷумҳурӣ балки дар Осиёи Марказӣ эътирофу эъҳтиром доранд. Фаъолияти шастсолаи устод дар соҳаи илму маориф сарфи таҳқиқу пажӯҳиш ва тарбияи мутахассисони соҳаи фалсафа шудааст. Ҳоло на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксар мамолики ҷаҳон, кам олимони файласуфро метавон ном гирифт, ки дар чандин соҳаҳои мустақил омӯзишу таҳқиқ намуда бошанд. Кароматулло Олимов аз равиш ва усулҳое кор мегиранд, ки ҳам замонавӣ ва ҳам барои ояндаи илми фалсафа ниҳоят арзишманд аст.
Воқеан, Кароматулло Олимов дар рушди илми фалсафа, хусусан таҳқиқи осори файласуфони гузаштаи тоҷик, эҳёи арзишҳои фалсафӣ ва фарҳанги гузаштаи миллӣ, баррасӣ ва ҳалли масоили муҳими ҷомеаи имрӯза, давлатдории миллии муосири тоҷикон, хизмати шоиста кардааст, ки ин ҳама гуфтаҳо аз забони маърузакунандагон садо доданд.
“Фалсафаи замони истиқлол: дастовардҳо ва дурнамои таҳқиқот” мавзуи баромади Кароматулло Олимов дар ин Конференсияи илмӣ-амалӣ буд, ки аҳли нишастро бо корҳои зиёде, ки доир ба илми фалсафа дар замони соҳибистиқлолӣ шудааст, ошно намуд.
Баъдан, Насиба Содиқӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маъруза намуда, аз ҷумла, баён дошт: “Устод Кароматулло Олимов ҳамчун муҳаққиқи фалсафа ва тасаввуф кӯшишҳои зиёде намуданд, ки таърихи афкори миллат ҳаматарафа баррасӣ шавад, зеро, ба қавли ишон, то ҳанӯз на ҳамаи мутафаккирони бузурге, ки, аслан, пайравони тасаввуф маҳсуб мегарданд, аз ҷониби муҳаққиқон баҳои сазовор гирифтаанд. Бояд гуфт, проблемаҳое, ки устод мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд, қабл аз ҳама, барои шинохти ҳувияти миллӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ ва мубориза ба ҳар гуна ифроту тафрит аҳамияти баланди назариявӣ ва амалӣ доранд. Қобили зикр аст, ки маҳз бо ибтикори устод асари “Таърихи фалсафаи тоҷик аз аҳди қадим то асри XV” ба забони рӯсӣ аз тарафи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дар се ҷилд чоп шуд, ки ба он олимони ИМА ва Россия баҳои баланд дода, онро муваффақияти илми таърихи фалсафаи тоҷик донистанд”.
– Бояд бигӯям, ки объекти таҳқиқ дар таърихи фалсафа қарор додани масъалаҳои тасаввуф аз Кароматулло Олимов сар мешавад. Аз ин рӯ, ҷамъи файласуфон ва шогирдон ба хулоса омадем, ки Кароматулло Олимов асосгузори таҳқиқи фалсафа дар мактаби тасаввуф ба ҳисоб мераванд. Зеро дар таърихи фалсафаи тоҷик тасаввуф ҳамчун самти нисбатан мустақили фалсафӣ мевқеи худро наёфта буд. Дар ислоҳи ин норасоии таҳқиқотӣ хизмати устод аён аст. Бо чунин сухан банда гуфтанӣ нест, ки хизмати дигар файласуфони тоҷик дар таҳқиқоти ҷараёни тасаввуф беарзиш бошад. Вале бо ошноӣ ва омӯзиши зина ба зинаи таҳқиқоти устод нисбат ба масъалаҳои тасаввуф, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки дараҷаи таҳқиқотӣ ва баррасии масъалаҳои зикршуда дар эҷодиёти илмии Кароматулло Олимов беназир аст. Асарҳои эҷодкардаи устод таҳти унвонҳои “Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр”, “Мировоззрение Санои”, “Ибни Сино ва суфизм” ва дигар китобу мақолаҳои ба масъалаи тасаввуф бахшидашуда, далели андешаҳои дар боло зикршуда мебошанд,– гуфт М. Музаффарӣ, доктори илми фалсафа.
Таъкид гардид, ки Кароматулло Олимов яке аз сермаҳсултарин донишмандони соҳаи фалсафаи тоҷик буда, дар масоили гуногуни фалсафиву адабӣ таълифот дорад. Ҳамаи ин талошу заҳматҳо, корҳои шоёну хизматҳои арзандаи ӯ бо орденҳои Нишони фахрӣ ва Шараф дараҷаи I, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), Ҷоизаи байналмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ (2014), Ҷоизаи ба номи Ибни Сино (2022) ва амсоли инҳо қадр шудааст.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)