ОРЗУВУ УМЕДИ НАВ
Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад.
ХАЙЁМ
Ҳар омад-омади Наврӯз маро, ки имрӯз наздик ба синни пирӣ – нафақа расидаам, ҳамоно, ба ёди он солҳои поку беғашу беғубори бачагӣ мебарад, шуруъ аз ҳамон айём бо орзуҳои нек ин Иди аҷдодӣ – Наврӯзро бесаброна интизораш мешавам ва дӯст медорам. Бо фарорасии Наврӯз диламро як хушҳоливу шодмонӣ фаро мегирад, ба зиндагӣ боз аз нав бо чашму диди дигар, бо орзую умедҳои тоза менигарам ва аз он ҳикмати тозае мебардорам. Олам гӯиё дигарбора мусаффою бо нуру тароваташ ҷилобахш мегардад. Қалби инсон ба якборагӣ саршор аз меҳру муҳаббати соф ҳидоят ба зебоиофарӣ, созандагӣ раҳнамун месозад. Бузургӣ ва рисолати аслии Наврӯзи Аҷам ҳам, дар ҳамин маънист, ки дар ростои таърих ҳама ҳолатҳои гирудори зиндагиро паси сар карда, то замони муосир расидаасту таҷаллибахши инсонҳост ва ба худ мақоми байналмилалиро гирифтааст.
Наврӯз, ин гӯиё як навъ давою неруи худовандист, ки табиатро аз нав зинда ва ҷавон месозаду ҷон мебахшад ва, ҳамзамон, ба қалби инсон беғуборӣ меҳрубонӣ, раҳму шафқат ато мекунад.
Тоҷикону Тоҷикистон чун меросбардори ориёиву сомониён, баъди расидан ба соҳибистиқлолӣ анъанаҳои арзишманди умумибашарӣ, аз ҷумла Наврӯзро ҳам, умри дубора бахшиданду бо талошу тараддудҳои Сарвари меҳанпарасту миллатдӯсташ Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ додааст. Яъне, Тоҷикистон Ватани Наврӯз асту нозбардори ӯ. Таҷлили ин Иди ниёгон аз ин сол то соли дигар бо таровати тоза, бо ҷилои дигар, бо навгониҳои мувофиқ ба замони муосир ҷараён мегирад.Тозаву обод кардани манзил, кӯчаву роҳравҳо, сарсабзу хуррам намудани мавзеи зист, шинондани ниҳол, донаи ин ё он зироатро зери хок кардану гузоштани пойдевори бинои нав, иқдомҳои хайру эҳсон нисбат ба маъюбону оилаҳои камбизоат аз ҳамон замони пайдоишаш аз ҷумлаи рисолатҳои аслии Наврӯзи дилафрӯз маҳсуб меёбад. Эътимод ҳаст, ки имсол ҳам, ин Иди аҷдодии миллии мо – Наврӯзи хуҷаста сарфи назар аз ҳамагуна мушкилиҳои мавҷуда дар сатҳи баланд ва хотирмон ҷараён хоҳад гирифт.Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: "Мо аз азал мардуми меҳнатдӯсту дурбин буда, бояд фирефтаи ҳаргуна овозаҳо набошем ва пайваста дар талошу такопӯйи иқдомҳои созандагӣ ва ободкорӣ қарор гирем". Ин таъкид ва даъвати Сарвари давлат дар вилояти Суғд низ, бо дарки масъулияти баланд қобили қабул шуда, хурду калони шаҳру навоҳии вилоят баҳори нозанинро имсол низ, бо ободкорӣ истиқбол менамоянд. Деҳқонон майдонҳоро омодаи кишт карда, ҷӯю заҳбурҳоро ба мавсим омода месозанд.
Ҳоло арӯси сол – баҳори нозанин кишвари азизи моро ба оғӯш кашидааст, диёрамон ҳамарӯза гулпӯшу намои сабз ба бар кардаву аз диданаш қалбҳо ба фараҳ меоянд. Аз ин рӯ, сокинони вилоят бо ҳазор орзуву ниятҳои самимӣ Наврӯзи оламафрӯзро истиқбол намуданд.
Наврӯзи имсола дар шаҳру навоҳии вилоят дар сатҳи баланд ва хотирмон тантана дорад.
Яке аз муҳимтарин рукнҳои Наврӯзи оламафрӯз, чун анъанаи ниёгон дастгирии оилаҳои ниёзманд, аёдати пирон ва расондани кумакҳои моддӣ ва гузарондани тӯйи хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат мебошад.
Наврӯз дар Канди куҳан – Конибодом, Исфараи бостониву макони ҳунармандон Истаравшан, диёри кӯҳистони Ашту Мастчоҳ, Айниву Шаҳристон, дар Зафарободу Спитамен ва сарзамини боғдорони асил Бобоҷон Ғафуров бо ҳама ҷолибияту ҷозибияташ сайр хоҳад кард.
Наврӯзи Аҷам дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» – Гулистон низ, чун ҳамешагӣ рангину бо таровати тоза баргузор шуд. Чунин истиқболи самимӣ дар давоми ду-се соли охир дар ин ҷо ба ҳукми анъана даромадааст. Гулистон, ҳамчунон, аз номаш бармеояд бо ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам, ба шаҳри фароғатию истироҳатӣ ва сайёҳии мамлакат табдил ёфта, силсила – иншооти фарҳангию иҷтимоӣ бунёд мешаванд ва ҳамин аст, ки солҳои охир теъдоди фароғатгирандагон дар қиёс ба солҳои пешин бамаротиб афзуда, бино ба иттилои охир, намояндагони 95 давлати ҷаҳон аз истироҳатгоҳҳои Гулистон баҳраманд гаштаанд. Истироҳаткунандагон аз ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва меҳмонон аз кишварҳои дуру наздики хориҷ ва шоҳиди бевоситаи таҷлили бо шукӯҳу шаҳомати Иди Наврӯз мешаванд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64