ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. ТАШАББУСЕ БАРОИ НАҶОТИ БАШАР

ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. ТАШАББУСЕ БАРОИ НАҶОТИ БАШАР

01 октябр 2024, Сешанбе
25
0

 

Ҷаҳон имрӯз аз сулҳ мегӯяд, сулҳе, ки барои наслҳои оянда бояд таҳким ёбад. Сулҳе, ки дунё ба он сахт ниёз дорад. Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари олам пойдор мондани онро хостгоранд. Сулҳе, ки набудани он зиндагиро дар назари ҳазорҳо сокини сайёра тира сохтааст.


120 МИЛЛИОН ОВОРААНД 
Имрӯз дар тамоми олам ҷони ҳазорҳо нафар дар хатар асту бар асари ин низоъҳо, миллионҳо нафар гуруснагӣ мекашанд, кӯдакон мефавтанду ба беҳдошт дастрасӣ надоранд, занон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ҳоли ташвишовар доранд.
Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид паноҳандагон дар як гузориши солонаи худ гуфт, ки имсол ва порсол сатҳи баландтарини ҷойивазкунии маҷбурии шаҳрвандон ба назар расид. Дар гузориш гуфта мешавад, ки моҳи майи соли равон теъдоди чунин нафарон ба 120 миллион расид ва соли дувоздаҳум аст, ки ин раванд дар ҳоли афзоиш аст. Сабаби асосӣ буҳронҳои давомдору ҷангҳои нав арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҷанг дар Судон ин нишондиҳандаро якбора боло бурд ва дар натиҷа, охири соли гузашта 10,8 миллион нафар маҷбуран хонаҳояшонро тарк карданд. 

ИНСОН БАРОИ ХУДАШ ФОҶИА МЕСОЗАД? 
Илова бар ин, соли гузашта миллионҳо нафар бар асари даргириҳо дар Ҷумҳурии Демократии Конго ва Бирма овора шуданд. 
Оҷонсии СММ оид ба паноҳандагони Фаластин тахмин мезанад, ки тақрибан 75 дарсади аҳолии навори Ғазза (ҳудуди 1,7 миллион нафар) тарки ҷойи зист кардаанд. Суриягиҳо аҳволи вазнинтаре доранд: қариб 14 миллион нафар аз ҷойи зисташон кӯчидаанд.  
«Дар паси ин рақамҳои бузург ва болораванда фоҷиаҳои  бешумори инсонӣ меистанд. Вазъи баамаломада иқдомоти фаврии ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд, ки боиси оворакунии маҷбурӣ гардидаанд», – нигаронӣ кард комиссари олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Гранди. 
Тавре дар гузориш зикр мешавад, бештари онҳое, ки ба далели даргириҳо манзили худро тарк намуданд, дар дохили кишварашон овораанд. Ин рақам дар панҷ соли охир ба 68,3 миллион нафар расида, 50 дарсад афзудааст. 

Соли 2025: ТЕЪДОДИ ГУРЕЗАГОН 20 ДАРСАД МЕАФЗОЯД 
Аз рӯи таҳлилҳо, беш аз 2,9 миллион гуреза дар тамоми ҷаҳон ба кумак ниёз дорад, то ҷойи амнтаре пайдо намояд. Чунин пешгӯӣ ҳам вуҷуд дорад, ки шумораи онҳо соли оянда нисбат ба соли равон 20 дарсад меафзояд. Соли нуҳум аст, ки суриягиҳо дар доираи барномаи муҳоҷиркунонии Комиссари олии СММ оид ба гурезагон ҳамчун бузургтарин гурӯҳ (қариб як миллион нафар) барои ёфтани ҷойи бехатар ниёз ба дастгирӣ доранд. Баъд аз инҳо, гурезагони афғон 558 ҳазор, Судони Ҷанубӣ 242, Мянма 226, Судон 172 ва Ҷумҳурии Демократии Конго 158 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. 

БА ҶОИ ХУЛОСА 
Ҳамин аст оқибати ҷангу ноамнӣ, ки сокинон маҷбуран хонаву дари худро тарк намудаву муҳоҷир мешаванд, ки як умр ном доранд – гуреза. Ин як бадбахтии ҷанг, талафоти инсониву иқтисодиву иҷтимоии он ҷуброннопазир ҳам ҳаст. 
Дар чунин вазъият садо додани пешниҳоди Сарвари давлат вобаста ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бисёр муҳиму саривақтист. Зеро ҷаҳон басо манзараи ҳузнангез дорад. Агар имрӯз инсоният дар гирифтани пеши роҳи ин даҳшат таъхир кунад, боз лозим меояд, ки даҳсолаҳои дигар ин хатои худро ҷуброн созад. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив