ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЙВАСТА ДАР ҶУСТУҶӮ БУД.  ХОТИРАҲО ДАР  БОРАИ УСМОН СОЛЕҲ

ПАЙВАСТА ДАР ҶУСТУҶӮ БУД.  ХОТИРАҲО ДАР  БОРАИ УСМОН СОЛЕҲ

01 октябр 2024, Сешанбе
0
0

 
Шунидам, ки журналисти варзида Усмон Солеҳ, ҳамкори собиқам дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз бемористон баромада, ба кор шуруъ намудааст. Рафтам ба аёдаташ Кохи Ваҳдат, ба Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ӯ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот буду ҳамчунин, вазифаи сармуҳарририи нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон «Ваҳдат»-ро ба ҷой меовард. Хеле бардам менамуд. Хурсандиамро бо суханони ҳазломез изҳор намуда, саломатии бардавом, барори кор хостам.
– Бемории дил кори шӯхӣ набудааст, сахт гирифт, қариб аз пой меафтонд, – гуфт ӯ низ бо ҳазл.
– Майдондор аст, паҳлавони зӯр аст маризии қалб, минбаъд аз пайи саломатӣ шудану эҳтиёткор будан даркор, – илова намудам.
Дар ҳамин суҳбат будем, ки устод Субҳон Кошонов ба ҳуҷраи кории Усмон Солеҳ ворид шуд. Онҳо бо ҳам бародаранд. Аз гапи ман бохабар гашта, ҳарфҳои маро устод тақвият бахшид ва таъкид намуд, ки дигар тамокукаширо партояд. Сипас, суҳбати мо дар атрофи матбуоти даврӣ, комёбиҳои журналистон, фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сурат гирифт. 
Устод Субҳон Кошонов ва Усмон Солеҳ дар солҳои барои кишвар сангини вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор карда буданд. Вақте ки устод Субҳон Кошонов сармуҳаррири ин нашрия таъин шуд, сафи обуначиён хеле кам буд. Вай тавонист бо роҳи аз маҳалҳо бештар чоп кардани мақолаҳо, саҳифа ва шумораҳои махсус таваҷҷуҳи бештари мардумро ба рӯзнома ҷалб созад ва теъдоди обунаро аз чор ҳазор ба беш аз бист ҳазор адад расонад. 
Бародари ҳамин устоди фидоӣ, дӯсти ман Усмон Солеҳ соли 1979, баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси филолог-журналист ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор омад. Ӯ, ки дар ин ҷо аз солҳои донишҷӯияш таҷриба меандӯхт ва бо аксари ходимони рӯзнома шинос буду ҳамкорӣ мекард, дар шуъбаи кишоварзӣ зери роҳбарии Турдиалӣ Бойбобоев ба эҷод пардохт. Соҳаи кишоварзӣ ба чанд самт тақсим мешуд: пахтакорӣ, чорвопарварӣ, боғу токдорӣ, зироаткорӣ. Агар Муҳаммадшариф Бобошоҳзода масъули соҳаи пахта бошад, Усмон Солеҳ ба омода намудани мақолаҳо дар риштаи чорводорӣ машғул буд. Дигар бахшҳо ба дӯши ману Аловиддин Давлатов вогузор буд. Баъди як соли кор ӯро ба Афғонистон ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ ба кор фиристонданд. Соли 1982 ба рӯзнома баргашт. Акнун вай марди солору ботамкин, ҷиддӣ, масъулиятшинос гардида буд. Мақолаҳое, ки менавишт, дар мавзуъҳои муҳим буданд. Бештарашон ба мушкилоти чорвопарварӣ, зиёд намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ, хоҷагиҳои хурди харгӯшпарварӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ бахшида мешуданд. Соли 1983 ӯро боз ба сафи Артиши шуравӣ даъват карданд. Баъди ду сол аз нав хома ба даст гирифт. Боз ҳамроҳ рӯбарӯи якдигар дар як ҳуҷраи корӣ садҳо мақолаи хабарнигорони музофотию ҷамоатиро таҳрир мекардем, хулоса менамудем ва ба дасти чоп месупурдем. Рӯз ба рӯз таҷрибааш меафзуд, бо бардоштани мавзуъҳои муҳими ҳалталаб обрӯяш дар байни ҳамкорон ва муассисони газета боло мерафт. Сармутахассис, сардори шуъбаи кишоварзӣ шуд, баъд муовини сармуҳаррир таъин гардид. Дар ҳар вазифа аз таҳти дил заҳмат кашид. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ бо ҳамкорон мекӯшид хабарҳои наву муҳим ва муътамаду созандаро дар шумораҳои рӯзнома ҷой диҳад. Вақте ки соли 1995 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази матбуот ташкил шуд, Усмон Солеҳро сардори он таъин карданд. Вай дар ин кори нав низ худро ба ҳайси шахси ботаҷриба, корозмуда, донишвар, ҷӯяндаву ташаббускор рӯнамоӣ кард. Тамоми маҳораташро ба он сарф менамуд, ки ҳаёти кориву эҷодӣ ва қонунофарии вакилони Маҷлиси Олӣ дар матбуоту телевизион ва радиои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сари вақт нашру пахш шаванд. 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзномаи «Минбари халқ»-ро таъсис дод, муассис журналистони ботаҷрибаву ҷӯянда ва эҷодкорро ба ин нашрияи ояндадор ҷалб намуд. Аз ҷумла, Усмон Солеҳ низ ба ин коргоҳи эҷод пайваст. Солҳои 2002 – 2003 иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир ва муовини якуми сармуҳаррири «Минбари халқ» буд. Бо ифтихорномаҳои Шурои Олии СССР, КМ ҲК Тоҷикистон, Шурои Олӣ ва Шурои Вазирони Тоҷикистон қадр шудааст.  
Собиқадори матбуот, шодравон Усмон Солеҳ дар кадом идорае кор мекард, ҳамеша худро дар ҳамбастагӣ бо «Ҷумҳурият» медонист ва пайваста таъкид менамуд, ки ӯ дастпарвари ҳамин идора аст ва аз шогирди ин нашрия будан, ифтихор дорад. Ёдаш ба хайр!

Қурбон МАДАЛИЕВ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив