ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИШОВАРЗӢ.  ВАҚТЕ ТАВАҶҶУҲ БЕШТАР ГАРДАД...

КИШОВАРЗӢ.  ВАҚТЕ ТАВАҶҶУҲ БЕШТАР ГАРДАД...

01 октябр 2024, Сешанбе
4
0

Рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот,  коркард ва нигоҳубини он, фароҳам овардани шароити дурусти захира ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои асосии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Ин аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи соҳа дар ҳамаи гӯшаю канори кишвар, аз ҷумла дар  шафати шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, даҳҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва ба ихтиёри деҳқонон вогузор шудааст, то ки онҳо маҳсули дастранҷи худро осон ва бе восита ба фурӯш бароранд.  
Мавриди зикр аст, ки таъсиси чунин гӯшаҳои деҳқон дар шафати шоҳроҳҳои кишвар, агар аз як ҷониб, ба манфиати деҳқонон бошад, аз ҷониби дигар, ба фоидаи харидорон низ ҳаст. Афзудани теъдоди чунин фурӯшгоҳҳо ҷиҳати фаровонии маҳсулот ва муътадил нигоҳ доштани нархи он дар бозорҳои кишвар мусоидат намуда, ҳамзамон,  харидорон маҳсулоти дилхоҳашонро тару тоза, босифат аз дасти аввал бо нархи дастрас мехаранд. 
Чунин дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба кишоварзон неруи тоза бахшида, барои боз ҳам рушд додани самти фаъолияташон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, онҳо аз ғамхорӣ, имконият, шароит  ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати мамлакат барояшон муҳайё намудааст, изҳори миннатдорӣ намуда, бо дили гарму табъи болида саргарми кори худ мебошанд. 
Дар ин раванд хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол», «Иқбол», «Меҳнат», «Кишмиши Тӯда»-и деҳоти ба номи Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор низ фаъол буда, ҳамарӯза меваю сабзавот ва полизиҳои хушсифатро пешкаши харидорон мегардонанд. Айни ҳол маҳсулоти ин хоҷагиҳо, аз қабили ангур, себу шафтолу, нок, қулфинай, бодиринг, помидор, пиёз, картошка, сабзӣ, каду, тарбуз, харбуза,  сабзавоти тару тоза дар гӯшаҳои навтаъсиси сарироҳӣ пешкаши мизоҷон гардидааст.  Сокинону меҳмонони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва дигарон, ки ҳамарӯза дар ин шоҳроҳ равуо доранд, бе  ягон сарсонию саргардонӣ ва сарфаи вақт, бо қаноатмандӣ аз маҳсулоти онҳо мехаранд.       
Айни ҳол хоҷагии деҳқонии «Кишмиши Тӯда», ки самти фаъолияти он парвариши ангури навъи кишмиши сиёҳи бедона мебошад, бо маҳсулоти худ маъруфият дорад. Азбаски замини хоҷагӣ дар шафати шоҳроҳ ҷойгир аст, маҳсулоти онҳо дар нуқтаҳои савдое, ки дар сари роҳ ташкил шудааст, ба фурӯш гузошта мешавад. Сифати ангури хоҷагӣ беҳтарин буда, бо нархи арзон ба харидорон фурӯхта мешавад. 
Чунонки Абдурашид Раҳимов, роҳбари  хоҷагии «Кишмиши Тӯда», изҳор дошт, ҳамаи ангурпарварони хоҷагӣ дар пешаи худ устод шудаву  аз нозукиҳои боғпарварӣ хуб огоҳанд. Бо назардошти боду ҳаво онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки маҳсулоти хушсифат истеҳсол намоянд. Зеро, ба андешаи ӯ, агар маҳсулот, қатъи назар аз навъи он, дорои таъми лазиз, босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, харидори худро зуд меёбад. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив