ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.  ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ ҶОМЕА КАНОРИ ҲАМ БОШЕМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.  ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ ҶОМЕА КАНОРИ ҲАМ БОШЕМ!

02 октябр 2024, Чоршанбе
18
0


Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони мо, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳамаи қитъаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. 
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти нав нестанд. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буданд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хоссаи худро ба вуҷуд оварда, зарараш аз ҳама зуҳуротҳои дигари мавҷуда бештар аст. Ин аст, ки диққати мардумони ҷаҳон ба ин масъала афзуда, роҳи ҳал меҷӯянд.  
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Аз тарафи дигар, имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад, ки созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонанд. Маҳз, ҳамин ташкилоти динӣ ва пайдо гардидани ашхоси бо ном диндор дар миёни ин созмонҳо, ки бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои фардӣ ва гурӯҳии худ равона гардидаанд, барои вусъат додани майдони ифротгароии динӣ мусоидат мекунанд. Зеро дар замири ин гуна афрод хусусияти қатъиян эътироф накардани ғояҳои дину мазҳабҳои дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони дигар дину мазҳабҳо, таблиғоти ақидаҳои хурофотӣ, ҳақ шуморидани як таълимоти динӣ, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расондани намояндагони динҳои дигар ва ғайра дида мешавад, ки ин омили муҳими авҷ гирифтани ифротгароии динӣ мебошад.
Солҳои охир дар миёни кишварҳои исломӣ гурӯҳҳои зиёде, ба монанди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ (ДИ), Толибон, Ал-қоида, Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ансор-ул-лоҳ, Аҳрор-уш-шом, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҲНИ ва ғайра, фаъолияти ифротгароёнаи  худро ба роҳ монда, аз номи дини ислом баромад намуда, мардумро ба самти ифрот мекашонанд. Ҳар яки ин гурӯҳҳо эътиқод ва  масири худро ҳаққу дуруст шумурда, пайравони дигар дину мазҳаб ва идеалогияро ботил медонанд ва барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон мардумро ба гумроҳӣ мекашанд. Онҳо барои ҷалб намудани афроди дигар аз роҳу воситаҳои гуногун истифода бурда, нафарони ҷоҳилу ноогоҳро ба самти худ мебаранд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, таҳаммулнопазирӣ хос аст. Ин андеша ғалат аст, зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на куштору зулм ва сӯиқасд ба ҷони ҳазорҳо модарону кӯдакон ва ҷавонони бегуноҳ. Аммо амалкарди ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки аз қатлу куштор, ғорат, ҷабру зулми одамон, хиёнат ба ватану модар, поймол кардани арзишҳои динию фарҳангӣ ва инсонӣ, таассубу миллатгароӣ ва ғайра иборат аст, бо арзишҳои ислом ва аҳкоми Қуръону дастурҳои пайғамбари ислом мухолифат мекунанд.
Фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва авҷ гририфтани экстремизми динӣ   хатарҳо ва мушкилиҳои зиёде ба монанди, ноамнию бесуботӣ, фақру бесаводӣ, муҳоҷират ва аз байн рафтани мероси фарҳангию инсонӣ дар ҷомеаи муосирро эҷод мекунад.  
Азбаски терроризм ва экстремизм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бинобар ин, мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Дар ин росто, кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳондани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ, метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мусоидат намояд.                                                  

X.Х. ДӮСТОВ,
муовини директор оид ба таълим,
Бахтиёр МУНАВВАРОВ ва Муҳаммад САИДЗОДА, 
омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»-и 
Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 02.10.2024 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив