ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Сафари Сарвазир ба вилояти Хатлон 

Сафари Сарвазир ба вилояти Хатлон 

03 октябр 2024, Панҷшанбе
10
0


1-уми октябр  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Қоҳир Расулзода дар рафти сафар аз биноҳои иловагии як қатор муассисаҳои таълимӣ,  бинои хизматӣ барои хизматчиёни давлатии ноҳияи Носири Хусрав ва  корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаҳои асбестӣ, ки дар ноҳияи Шаҳритус ба истифода дода шуданд, боздид намуд. 


Тақвияти ҳамкориҳо дар самти экология, энергетика ва саноат 
2-юми октябр дар Душанбе вохӯрии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии директори иҷроияи Бонк Викас Шил баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷонибҳо вазъи кунунии робитаҳо ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд, ҷараёни таҳаввулоти иқтисодӣ ва ислоҳот, инчунин, маблағгузории самтҳои афзалиятнок вобаста ба масъалаҳои тағйири иқлим, гузариш ба «иқтисоди сабз» ва навсозии иншооти стратегии мамлакатро баррасӣ намуданд.


Ба имзо расидани созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 
1-уми октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман баргузор гашт. 
Аз Вазорати молия ба мо хабар доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо тағйирот ба созишномаҳои грантӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба маблағи 1,35 миллион евро, «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» дар ҳаҷми 4 миллион евро, «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара»-ро ба маблағи 4  миллион евро ба имзо расонданд. Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кумаки техникӣ ба маблағи 1,6 миллион евро ҷудо мегардад.


Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 
1-уми октябр дар шаҳри Бӯстон мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ – Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки роҳбарони ҳайатҳо баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои корӣ барои идома додани кор дар ин самт супориш доданд.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
2-юми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Форуми тиҷоратии муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат», ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, суханронӣ намуд. 
З. Завқизода иброз дошт, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зеҳни сунъӣ таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт Ҳукумати мамлакат корҳои муҳимро амалӣ намудааст.


Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбанд
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар соҳаи энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо ноиби президенти БАТР оид 
ба сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Далер Ҷумъа аз захираҳои бузурги обию энергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳавасмандии мамлакати моро барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин бахшҳо баён намуд.

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив