ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ

04 октябр 2024, Ҷумъа
2
0


3-юми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба Ҳукумати Давлати Қатар барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоиди баргузории нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё изҳори сипос карданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишасти мазкурро заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо, ки дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудааст, аз ҷумла масоили рушди варзиш, ташаккули зербинои он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи дурусти насли ҷавон ҳавасманд мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ ибрози андеша намуданд.

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив