ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ ОЯНДА. ИҚДОМИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ЛОИҚИ ДАСТГИРИИ ҶАҲОНИСТ

ҲАМОИШИ ОЯНДА. ИҚДОМИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ЛОИҚИ ДАСТГИРИИ ҶАҲОНИСТ

04 октябр 2024, Ҷумъа
3
0


23-юми сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши оянда иштирок намуда, дар оғози суханрониашон таъкид доштанд: "Ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст".
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 33 соли соҳибистиқлолӣ ба аксар кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, сиёсати дарҳои кушодро дар амал татбиқ намуда истодааст. Маҳз ба ин хотир, вазъи ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза, хусусан,  баъзан аз  кишварҳое, ки дар қаламрави онҳо терроризму экстремизм доман паҳн намудаву сокинон ба хоку хун оғӯштаанд, роҳбари оқилу ғамхори мо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бетараф гузошта наметавонад.
Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҳамоиш таъкид доштанд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ғизоӣ, дастрасӣ   ба оби тозаи нӯшоӣ ва саҳм гузоштан ба ҳалли мушкилоти соҳаи обу иқлим ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем. Ба андешаи Сарвари давлат, чораҳои оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, об ва беҳдошт пешбинишуда, ҳанӯз кофӣ нестанд.
Дар ин зимн, таъкид шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро баҳри татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим тақвият бахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад. Дар робита ба ин, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ин ташаббус ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад. Кишварҳои оламро мебояд аз иқдомҳои инсондӯстона ва сиёсати ғамхоронаи роҳбарияти олии Тоҷикистон  тарафдорӣ намуда, дар мамлакатҳои ҷангзада сулҳу амнияти воқеиро таъмин намоянд. 

Ҷовид ҚУВВАТЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи 
“Навиди Ҳамадонӣ”

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив