ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОНРО ЧУН ГАВҲАРИ ГАРОНБАҲО ҲИФЗ НАМОЕМ!

ЗАБОНРО ЧУН ГАВҲАРИ ГАРОНБАҲО ҲИФЗ НАМОЕМ!

07 октябр 2024, Душанбе
3
0


Гулчини сухан аз фармудаҳои Пешвои муаззами миллат дар ситоиши забони ноби тоҷикӣ
Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.
Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.
Забони тоҷикӣ дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто, мавҷудияти он эҷодшуда, ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.
Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардондааст.
Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.
Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозиву фарҳангсолории халқамон мебошад.
Мо бояд ба масъалаи омӯзондани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар-Ватан ва ифтихори милливу ватандорӣ шумурда мешавад.
Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар як миллат мебошад. Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад. Чунки ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, расму оин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад. Воқеан, ҳамин забони ширину шевои тоҷикӣ дар тули ҳазорсолаҳо миллати моро бо неруи ҳаётбахши худ зинда нигоҳ доштааст, сарҷамъу муттаҳид кардааст ва ба даврони босаодати имрӯза расондааст.
Мардуми кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон – ворисони мероси бузурги забонӣ, илмӣ ва фарҳангиву маънавии халқамон як нуктаи бисёр муҳим ва далели нодири таърихиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд: осори ҳанӯз 1100 сол, яъне ёздаҳ аср пеш эҷодкардаи султони шоирони Аҷам – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро имрӯз ҳар як тоҷик бе ягон мушкиливу заҳмат мехонаду мефаҳмад. Гӯё, ки устод Рӯдакӣ ҳамзамони мо бошад. Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷое, ки бошем, талош намоем.
…Мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив