ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҚТЕ РОҲБАР БА БУЗУРГТАРИН АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АРҶ МЕГУЗОРАД...

ВАҚТЕ РОҲБАР БА БУЗУРГТАРИН АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АРҶ МЕГУЗОРАД...

07 октябр 2024, Душанбе
2
0


Сарнавишти забони тоҷикӣ ба тақдири фарзандони барӯманди миллат иртиботи қавӣ дорад, ки тули таърих барои асолату покӣ, ҳифз ва нигаҳдошти он хизматҳои шоистае карданд. Дар ин росто, месазад аз нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба номашон пайвандӣ дорад.
Таҳти сарварии Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкими забони давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд, зеро пойдории давлату миллат аз бақои забони он вобастагии амиқ дорад.
Забон мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти давлат ба шумор меравад ва бо назардошти ин, муайян кардани муносибати давлат бо забон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ арзёбӣ мегардад. Ҳанӯз 22-юми июли соли 1996 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба муносибати Ҷашни забон барҳақ таъкид карда буданд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Профессор Абдуғаффор Ҷӯраев вижагиҳои забони тоҷикиро дар даврони истиқлол чунин арзёбӣ менамояд: 
1. Таркиби луғавии забони адабии тоҷик сифатан тағйир ёфта, аз калимаву истилоҳоти нави сиёсӣ саршор гардид. 
2. Забон дар паноҳи давлат қарор гирифта, сиёсати забон ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат шуд. 
3. Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008 яке аз ташаббусҳои наҷиби Сарвари давлат ба шумор меравад. 
Дарвоқеъ, он тадбирҳое, ки дар зарфи ин солҳо андешида шуданд, назирашро тули зиёда аз ҳазор сол надида будем. Муҳимтарин тадбир дар ин самт қабули Қонуни забон мебошад, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, дар баробари ин, инкишофи озодонаи забонҳои дигарро дар қаламрави кишвар кафолат дод. Боиси ёдоварист, ки забони тоҷикӣ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъияти ногувор дошт. Ҳамин буд, ки баъд аз барқарор гардидани ҳукумати қонунӣ, бо вуҷуди нобасомониҳои дохилӣ, масъалаи забон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат, қарор гирифт. Аз ҷумла, соли 1995 бо ташаббуси Президенти мамлакат Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар танзими сиёсати забон ба Ҳукумат ёрӣ расонда, ба ҷараёни иҷрои Қонуни забон такони ҷиддӣ бахшид. Комиссияи мазкур соли 1996 ба фаъолият оғоз кард. Яке аз вазифаҳояш тарғибу ташвиқи забон буд. Барои ҷоннок кардани кор дар вилояту шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо гурӯҳҳои назоратӣ таъсис ёфтанд. Ба ин восита, татбиқи Қонуни забон хусусияти оммавӣ пайдо карда, забони тоҷикӣ дар коргузорӣ низ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин баробар, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, хусусан забонҳои русию англисӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Зеро ҳамкориҳои байналмилалии кишвар рӯз ба рӯз вусъати тоза пайдо мекунад. Дар ин самт барномаҳои давлатӣ қабул шуда, ба натиҷаҳои назаррас ҳам ноил гардидаем. Дар баробари ин, ба инкишофи озодонаи забонҳои хориҷӣ шароит фароҳам оварда шуд, ки яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ аст. Ба ин восита, ба дигар қавму миллатҳо шароит фароҳам оварда шуд, ки бо забони модариашон таҳсил кунанд ва давомдиҳандаи расму оину анъанаҳои миллии худ бошанд. 
Бояд зикр намуд, ки забони тоҷикӣ таҷассумгари таърихи халқ, иқтидори давлат, обрӯи миллат буда, дурдонаи гаронбаҳои тамаддуни умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Ин забонро Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Синову Хайём, Айниву Турсунзода ва дигар нобиғагонамон бо осори гаронбаҳои хеш поку беолоиш ҳифз карданд. Имрӯз мақому манзалати забони давлатӣ устувор гардидааст ва онро бояд ҳифз карду гиромӣ дошт, зеро ҳамин забон ҳуҷҷати наҷотбахши мо тули ҳазорсолаҳо буд. 

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив