ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БУЗУРГОНИ ҶАҲОН ДАР ВАСФИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

БУЗУРГОНИ ҶАҲОН ДАР ВАСФИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

07 октябр 2024, Душанбе
13
0


Дар ин нукта баҳс нест, ки дар давраи исломӣ, ҳангоме ки сухан аз забони дарӣ ё порсии дарӣ меравад, мурод забони Хуросон ва Мовароуннаҳр аст, ки тоҷикони имрӯза дар ин марзу бум  нигоҳдоронда ва давомдиҳандаи ин забон ва ин адабиёт мебошанд.
Забеҳуллоҳи САФО

Забони муосири адабии тоҷикӣ асри Х1Х дар Эрони Шарқӣ ташаккул ёфта, дар Бухоро – пойтахти Сомониён ба нумӯи воло расид.
Ричард ФРАЙ

Ашъори ринди сармаст Ҳофизро, ки забонаш ширину хушсадост, ба тоҷикӣ хондан басо гуворост.
Фридрих ЭНГЕЛС


Ҳар гоҳ Тоҷикистон бигӯед, мақсуд ҳамон сарзамине аст,  ки  аз  оғоз  ориёиёни  эронӣ  ва  форсизабон дар  ин  ҷо зистаанд, сарзамини асосии забони дарӣ. Забони  дарӣ,  яъне  забони  имрӯзаи  мо  дар Осиёи Миёна,  ки  қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон  аст,  падидор  шуда,  сипас,  ба  мағриб  ва шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст. 
Саид НАФИСӢ

Беҳуда  нест,  ки ҳамватанони Ҳофиз метавонанд аз фарзандони  диёри  Рӯдакӣ  ва  Абуҳафс  рамзи қувват  ва салобати забони диловези дариро биёмӯзанд ва аз ин ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ, ки мардуми тоҷик доранд, баҳра андӯзанд.
Абдулҳусайни ЗАРРИНКӮБ

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив