ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРЗИШ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

АРЗИШ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

07 октябр 2024, Душанбе
34
0


Тавре аз сарчашмаҳои боэътимод бармеояд, таърихи сиёсӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мо ҳамеша пайванд ба забон будааст. Агарчи мо баъди Сомониён давлати миллӣ надоштем, аммо забону фарҳанги мо давлатӣ буд. Ҳар касе меомад, маҷбур буд бузургии забони моро эътироф намояд. Шоҳону ҳокимон, агарчи аз бегонагон буданд, маҳз забони моро василаи таъмини иртибот ва муоширати худ бо мардум интихоб мекарданд.
Аммо бояд эътироф кард, ки, бо вуҷуди нақши муносибу мондагораш, забони мо мақому ҷойгоҳи сазовори худро маҳз дар замони истиқлол тавассути сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Дар сатҳи давлативу расмӣ як силсила қонуну қарор ва асноди меъёриву ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ қабул ва амалӣ гардиданд, ки онҳо мақому манзалати забонамонро ба сатҳи зарурӣ боло бурданд. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ равшану возеҳ муайян шудааст: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.” Дар асоси ҳамин нишондод, соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид ва дар саргаҳи нишондани забони тоҷикӣ дар мақомаш Сарвари давлат меистанд.  Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро ба минбари баландтарини сиёсии ҷаҳон – минбари Созмони Милали Муттаҳид баровардаву аз ҳастии миллате бо номи тоҷик, давлате бо номи Тоҷикистон ва забоне бо номи тоҷикӣ башорат доданд ва ин амалишавии орзуву армони ҳазорсолаи фарзандони баору номуси миллат буд. Ҳамин фарзонагон буданд, ки бо осори худ, ки бо забони модарӣ эҷод карда буданд, моро умед мебахшиданд. Устод Садриддин Айнӣ забонро дар қатори мактабу матбуот  пойдевори давлат дониста, солҳои 30-юми асри ХХ барои эътирофи миллати тоҷик оид ба бузургии забони тоҷикӣ даҳҳо мақолаҳои илмиву публитсистӣ навиштаанд. Кори устод Айниро фарзонагони дигари миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар идома доданд. Пешвои муаззам ҳақ  ҳастанд, ки мегӯянд: «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд». 
Бале, бо ҳамин забон моро мешиносанд. Омили асосии ваҳдати ҳама тоҷикони ҷаҳон ҳамин забон аст. Бо ҳамин забон мо сарҷамъу муттаҳид ҳастем. Аз ин хотир, давлату Ҳукумати Тоҷикистон  аз забон пуштибонӣ менамоянд. Ба фармудаи Сарвари давлат: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забон мебошанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Мувофиқи маълумотҳо, ҳар сол дар олам даҳҳо забон аз байн мераванд. Бо нестшавии забон миллату халқият ва давлатҳо аз байн мераванд. Яъне, забон яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти миллату давлат аст. Забони тоҷикӣ арзиш ва муқаддасоти миллати мост. Забони давлатиро ҳифзу ба ояндагон мерос гузоштан, танҳо вазифаи давлату Ҳукумат нест, балки ҳамаи намояндагони миллат вазифадоранд, ки барои ҳифз ва беолоиш нигоҳ доштани нахустунсури  ҳастии миллат – забон, талош намоянд.  Дар ин роҳ саҳми воситаҳои ахбори омма, хоса матбуот, барои ташвиқу тарғиби эҳтироми забони давлатӣ, риояи меъёрҳо ва тозаву пок нигоҳ доштани он бисёр муҳим аст. 

Сангин ГУЛЗОД, устоди ДМТ

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив