ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”. ПОСДОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ

“ҶУМҲУРИЯТ”. ПОСДОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ

07 октябр 2024, Душанбе
12
0


Дар остонаи Ҷашни забони тоҷикӣ дар бораи  касоне андешидам, ки ҳақиқатан ин забонро қадр мекунанду онро пос медоранд. Ба хотирам симои ҳамкоронам аз идораи рӯзномаи "Ҷумҳурият" ҷилвагар шуд, ки бо меҳнату ранҷ офарандаи як мақола, шеър, матне бо забони ноби тоҷикӣ ҳастанд. Ҳар як рӯзноманигори ин нашрия нисбат ба забон бо эҳтиёт муносибат мекунад, гӯё ки ин на танҳо воситаи муошират, балки як ганҷест, ки онро бояд бегазанд ба мерос монд.
Рӯзҳои аввали корам дар ин идора дар ёдам хеле равшан боқӣ мондааст. Ҳангоми дар курси се таҳсил карданам, ба кор шуруъ намуда будам ва пеши ман ҷаҳоне аз қоидаҳо, меъёрҳо ва талабот ба покии забон ҳувайдо гардид. Маро аз аввал таассуроти амиқ фаро гирифт, ки чи тавр дар ин ҷо ба ҳар як калима бо эҳтиёт муносибат мекунанд. Ин на танҳо як таҳрир ва ё ислоҳи техникӣ, балки як намоиши зиндаи муҳаббат ба забони тоҷикӣ буд.
Устод Қурбон Мадалиев яке аз шахсонест, ки эҳтирому дӯст доштани забони модариро дар дилам беш аз пеш пурзӯр намуд. Роҳу равиши омӯзанда ва некхоҳонаи ӯ ба ман дар қадамҳои аввали рӯзноманигориям кумак кард. Ҳар як хатои маро бо сабру таҳаммули ба худ хос шарҳ медод ва дар ин ҷода, пеш аз ҳама, ба китоби "Фарҳанги забони тоҷикӣ" (М., «Сов. Энциклопедия», 1969) такя мекард. Дар ҳар маврид нишон медод, ки чи тавр фикри худро ба забони модарӣ дуруст баён бояд дошт. Бо ин китоб бо меҳру муҳаббат муносибат кардани устод маро ба ҳайрат меовард. Ба назар мерасад, ки "Фарҳанги забони тоҷикӣ" барои ӯ на танҳо сарчашмаи маълумот, балки ҷигаргӯшаест, ки ба навозиш ниёз дорад.
Дар ин радиф, хизмати шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодурро метавон зикр кард. Ӯ доимо моро даъват мекунад, ки дар гуфтор бештар калимаҳои тоҷикиро истифода барем ва аз калимаҳои иқтибосӣ худдорӣ намоем, то покии забонро дар гуфтори худ нигоҳ дорем. Ӯ ҳамеша мегӯяд: "Забони мо аз калимаҳои хориҷӣ пур шудааст, аммо барои ҳар яки онҳо ҳамтои тоҷикии худ вуҷуд дорад" ва  моро водор месозад, ки калимаҳои модарии худро ҷустуҷӯ кунем ва онҳоро дар гуфтори ҳаррӯза истифода барем. 
Қобили зикр аст, ки тамоми кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои бехато ва дар доираи қоидаҳои имло нашр шудани ҳар шумора заҳмати зиёд мекашанд, зеро мақсуди онҳо, қабл аз ҳама, ҳифзи покизагиву беолоишии забони тоҷикист. Бе муҳобот онҳоро метавон ҳомиёни забони ноби тоҷикӣ гуфт. Бароям кор дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ифтихор аст. 

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив