ОСИМ САФАРОВ: «МЕХОҲАМ МАНЗАРАҲОИ ЗЕБОИ ДИЁРАМ ҶИЛО ДИҲАНД»
Имрӯзҳо дар пайравӣ ба ибтикороти ҷавонмардона ва созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири таъмини шароити хуби зист барои сокинони минтақаҳои дурдаст, соҳибкорони банангу номуси Меҳани маҳбубамон мекӯшанд, ки дар ободонии диёр саҳми арзанда гузоранд.
Осим Сафаров яке аз чунин нафаронест, ки дар ободии як гӯшаи диёр баробари садҳо ҷавонмардон камари ҳиммат бастааст. Бо бунёд намудани бинои меҳмонхона ва маркази савдои замонавии «Сайёҳ» тавонист сари вақт аҳолии ноҳияро бо маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин радиф гардишгарони хориҷиву дохилиро ба ҷойи истироҳат таъмин намояд.
– Доир ба бунёди меҳмонхонаи «Сайёҳ» бояд гуфт, ки, – иброз медорад Осим Сафаров,– се сол қабл оилавӣ тасмим гирифтем. Бо насиҳатҳои падарам: «Бояд ҳар як фарди ватандӯст дар ободии диёр саҳме гузошта бошад», мо – бародарон, ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ ин биноро бунёд намоем. Албатта, меҳмонхонаи мазкур дар ҳудуди ноҳия ягона нест, вале мо кӯшиш намудем, ки дар ин ҷода саҳми шоистаи худро бигузорем.
Қобили зикр аст, ки бинои меҳмонхона ва маркази савдои «Сайёҳ» бо тарҳи зебояш ба ҳусни ноҳия байни кӯҳҳои сарбаафлок зебоии дигар зам намудааст. Иншооти замонавии чорошёна дар масоҳати 820 метри мураббаъ доман густурдааст. Дар ошёнаи якуми бино мағозаи хӯрокворӣ, дар ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор, дар ошёнаҳои сеюму чорум меҳмонхона ҷойгиранд.
– Оғози фаъолияти корхонаи мо ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад ва дар он 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд. Айни ҳол дар маркази хизматрасонӣ пардохт тавассути технологияи муосир роҳандозӣ шуда, мардум хариди маҳсулоти лозимӣ ва хизматрасониҳои меҳмонхонаро ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ пардохт мекунанд. Бо назардошти талаботи рӯз, тасмим гирифтем, ки дар оянда барои ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва истироҳату фароғати боз ҳам беҳтари онҳо дар боми меҳмонхона ва маркази савдои «Сайёҳ» пентҳауз (ҳуҷраи фароғатӣ) созем, ки аз он тамоми манзараҳои зебои ноҳияи Сангвор намудор гардад,– гуфт Осим Сафаров.
Бояд зикр кард, ки ин марди сахӣ, ҳамчунин, дар таъмири муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва бароварда сохтани ниёзҳои эҳтиёҷмандон ҳиссаи хешро мегузорад ва тавре мавсуф таъкид месозад, минбаъд низ дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаву миллатдӯстона ва меҳанпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯи Ватан, дар баробари дигар соҳибкорон, саъю кӯшиш хоҳад намуд.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»