ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ. БАРДОШТ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Бахшида ба 15-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот дар Китобхонаи миллӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва истиқлол» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, нақши истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигоҳдошти забони давлатӣ, аҳамияти забони тоҷикӣ дар ташаккули ҷомеа ва амсоли инҳо матраҳ гардиданд.
Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, зимни ифтитоҳи ҳамоиш изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он нақши бориз гузоштаанд. Таъкид шуд, ки забони ноби тоҷикӣ андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии оламшумул офарида шудаанд ва аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.
Муҳиба Маҳммадҷонова, доктори илмҳои фалсафа, профессор дар суҳбат зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи забон аз муҳимтарин чорабиниҳое мебошад, ки мардуми тоҷик онро бо муҳаббати зиёд пазироӣ мекунанд. Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғати Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд луғати тафсирии он мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки ба забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама далели тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ мебошад.
Дар идома ба як зумра забоншиносон ва онҳое, ки дар рушду густариши забони давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳот супурда шуд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.10.2024 №: 196