ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ.  ТАЛОШ БА ХОТИРИ ҶАМЪОВАРИИ БЕШ АЗ 14 000 ТОННА «ТИЛЛОИ САФЕД»

АШТ.  ТАЛОШ БА ХОТИРИ ҶАМЪОВАРИИ БЕШ АЗ 14 000 ТОННА «ТИЛЛОИ САФЕД»

08 октябр 2024, Сешанбе
32
0

 
Соли ҷорӣ заркорони ноҳияи Ашт дар майдони 5435 гектар пахта кишт карда, тасмим доранд, ки 14 ҳазору 197 тонна пахта истеҳсол намоянд. Ҳамарӯза беш аз чор ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо пахтакорони ноҳия барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, ҷалби ҳашарчиён, пардохти музди меҳнат, ба корхонаҳои коркард супурдани пахта супоришҳо дод. Роҳбарияти ноҳия барои фароҳам овардани шароити корӣ ва назорати рафти чиниши пахта дастур гирифт.
Заркорони ноҳия ваъда доданд, ки ҳосилро пурра ғунучин карда, нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.


ҶДММ “САНОАТИ АШТ” 5000 ТОННА НАХИ ПАХТАРО КОРКАРД МЕКУНАД
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” шинос гардид. 
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад. Бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ беш аз 350 нафар сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимии баландмузд таъмин гардид, ки аксари коргарону мутахассисонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ва бахши муҳими ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб меёбад.
Истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ, бофандагӣ ва маҳсулоти ниҳоӣ омили афзун гардидани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти соҳаи саноати сабук ва манфиат ба иқтисоди миллист.


ҶДММ “РАХШОНА”.  ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МОҲӢ БА 600 ТОННА МЕРАСАД
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо парвариши моҳӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” шинос гардид. 
Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят гуфт, ки дар ҶДММ “Рахшона” зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ, аз ҷумла амури сафед, пешонапаҳм ва зағорамоҳӣ, парвариш ёфта, ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” ҳисоб ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад. 

 
Хоҷагидорони Ҷамъият дар ин мавзеъ бори аввал парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ монданд. Бо чунин тарз парвариш кардани моҳӣ ба хоҷагидорон манфиати бештар меорад, зеро дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ бошад, дар ҳамин масоҳат метавон, ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш кард. Майдони умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии “Рахшона” 10 гектар буда, айни ҳол дар  онҳо 100 ҳазор моҳӣ парвариш мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаи хуб ба бор орад.  
Дар солҳои 2019-2023 коргарони хоҷагӣ 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намуданд. Соли равон бошад, бо амалӣ кардани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба 600 тонна расонда мешавад. Дар ҳудуди ҶДММ “Рахшона” ба ғайр аз моҳипарварӣ парвариши мурғобӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти моҳӣ ва зиёд намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ дар оянда ба роҳбарияти ҷамъият тавсияҳо дод.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.10.2024 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив