ДУРРИ НОЁБ
Модар барои фарзанд азизу муътабару дурри ноёб аст. Оё метавон дар ин олами хайру шар нафареро ёфт, ки бо мушфиқиву меҳрубониву ғамхорӣ ҷойгузини ӯ бошад? Ҳаргиз. Аз ин рӯ, бузургии ӯро дар мизони ақл санҷидан амрест муҳол. Танҳо Модар аст, ки ҷигарбанди хешро дар домони покаш ба ноз мепарварад ва беҳуда нест, ки Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил домони ӯро ба биҳишт ташбеҳ дода, аз умқи дил бо сӯз нидо мекунад: «Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст».
Сарсупурдагӣ ва ҷонфидоии модар баҳри фарзанди худ боис шуда, ки аз қадимулайём то ба ҳол бузургони олам васфу ситоишаш кардаанду мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ин навбат мо тасмим гирифтем, ки дар доираи аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон кардани озмуни «Дуои модар», баъзе аз он гуфтаҳои бузургонро пешкаши муштариёни азиз гардонем.
Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, Хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.
* * *
Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии, ҳатто, якшабаи модари худро ҷуброн кунем. Вале, ба ҳар ҳол, мо – фарзандон, бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизтарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон,
Пешвои муаззами миллат
Дуои модар дар қаъри дарё наҷот медиҳад.
Оскар Уайлд,
шоир ва нависандаи шаҳири асри XIX
Тамоми комёбиҳоям ба шарофати модарам аст.
Джордж Вашингтон,
аввалин Президенти ИМА
(1789 – 1797)
Ягона муҳаббате, ки ман ба он бовар дорам, ин муҳаббати модар ба фарзандаш аст.
Карл Лагерфелд,
ношири маъруфи олмонӣ
Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст.
Ҷуброн Халил Ҷуброн,
файласуфи машҳури лубнонӣ
Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки, ҳатто, марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад.
Леонид Сухоруков,
нависандаи маъруфи шуравӣ
Маҳрум шудан аз модар маънии онро дорад, ки мо аз осмонамон Офтобро гум кардаем.
Янн Мертел,
нависандаи муосири канадагӣ
Модар шахсест, ки метавонад ҷои ҳамаро бигирад, вале ҷои ӯро касе гирифта наметавонад.
Гаспар Мермийо,
руҳонии швейтсарӣ
Модар хушрӯйтарин ва зеботарин мавҷуди олам аст, ки мо ҳамеша аз ӯ қарздорем.
Николай Островский,
нависандаи маъруфи шуравӣ
Ояндаи миллат дар дасти модарҳост.
Оноре де Балзак, нависандаи
шаҳири фаронсавӣ
Муҳаббати модар ба тамоми сахтиҳо тоб меоварад.
Вашингтон Ирвинг,
нависандаи машҳури амрикоӣ
Ҳама фанопазиранд, танҳо модар абадист.
Исаак Бабел,
нависанда ва журналисти
маъруфи шуравӣ
Таҳияи Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»