ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ «САРМОЯГУЗОРИИ САБЗ» ТАБДИЛ МЕЁБАД
Вақтҳои охир дар ҷаҳони муосир сармоягузории ба истилоҳ «сабз» маъмул гашта истодааст. Ин ҷо сармоягузорие фаҳмида мешавад, ки на танҳо барои ба даст овардани фоида, балки, ҳамзамон, барои ҳифзи муҳити зист равона шудааст. Гузариш ба «сармоягузории сабз» дар мубориза бо тағийрёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ифлосшавии об, буридани дарахтон ва мусоидат ба рушди устувори муҳити зист аҳамияти бузург дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо роҳи ҷалби «сармоягузории сабз» ният дорад, ки то соли 2037 «иқтисоди сабз»-ро роҳандозӣ намояд ва саноатикунониро барои рушди устувор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ суръат бахшад.
Дар ин хусус раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, зимни натиҷагирии фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иброз дошта буд: «Яке аз самтҳое, ки Кумита талошҳои худро зиёд ва маводҳои иттилоотӣ омода карда истодааст, ин табдили Тоҷикистон ба кишвари «сармоягузории сабз» мебошад». Раиси Кумита ёдрас шуд, ки қариб 98 дарсади неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби неруи обӣ ё манбаъҳои таҷдидшаванда тавлид мешавад ва илова кард, ки равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир талаб менамоянд, ки маҳз худи сармоягузорӣ низ «сабз» шавад. Яъне, лоиҳаҳое сармоягузорӣ шаванд, ки ба рушди «иқтисоди сабз» саҳм мегузоранд. Дар ин бахш маҳз нақши калидиро «энергияи сабз» мебозад. Аввал ин, ки имкониятҳо барои тавлиди «энергияи сабз» дар Тоҷикистон хеле зиёданд, зеро агар мо, дар маҷмуъ, иқтидори 527 миллиард киловатт-соат энергияи барқи обӣ дошта бошем, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ панҷ дарсади он аз худ гардидааст.
Тавре медонем, Тоҷикистон бо кӯҳҳои худ аз маъданҳои гуногун бой мебошад, ки истеҳсол ва истифодаи ин имконот метавонад ба иқтисоди мамлакат таъсири мусбат дошта бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносон, 88 дарсади конҳои маъдани Тоҷикистон мавриди истифода қарор надоранд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ин хусус гуфта буд, масъалаи дигаре, ки мо мебинем, ин истифода кардани имконоти Тоҷикистон дар бахши маъдан аст. Дар маҷмуъ, имрӯз бо назардошти рушди «иқтисоди сабз» ва рақамикунонӣ ниёз ба маъданҳое, ки дар ҳамин раванд нақши калидӣ доранд, хеле зиёд шудааст. Аз ҷумла, литий, волфрам, нуқра маъданҳое ҳастанд, ки барои «технологияи сабз» бисёр муҳим дониста мешаванд. Дар маҷмуъ, 12 маъдани асосие, ки барои «гузариши сабз» аз ҷониби коршиносон лозим дониста мешавад, 10-тоаш дар Тоҷикистон ҳаст. Аз ин 10 маъдан 6-тои он, аллакай, истеҳсол карда мешавад. Агар сурмаро гирем, аз лиҳози истеҳсоли он Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад. Яъне, имкониятҳо хеле фароханд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳангоми муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар ба ҳамин нукта таваҷҷуҳи бештар намоем. Қобили зикр аст, ки дар ин раванд яке аз механизмҳои муосири ҷалби сармоя муаррифии имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ин мақсад, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8 форуми сармоягузории соҳибкорӣ ташкил намуд, ки барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар натиҷа, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Кумита се созишномаи сармоягузориро ба маблағи умумии 2 миллиарду 16 миллион доллари ИМА ба имзо расондааст.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.10.2024 №: 198