БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”
ДАВЛАТИ МОДАР
(Ба ёди модари бузургворам)
Модарҷони азиз! Шуморо дар деҳа ҳама чун як зани бодавлат мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Давлататон пулу молу симу зар ва қасру манзар набуд. Шумо асло ҳавою ҳаваси симу зар надоштед. Давлати Шумо, модарҷон, умри пурфайзу бобаракати зиёда аз 93-солаатон, фарзандони соҳибхирад, набераву абера ва чабераҳои баркамолатон буданд.
Модарҷон, Шумо осон соҳиби ин давлати бузург нашуда будед. Дар як деҳаи кӯҳистон, дар як ҳавлии тангу ноҳамвор ва дар як кулбаяки фақирона моро ба дунё овардеду дар домани поку намозии худ бо шираи ҷон парваридед. Осон набуд дар ибтидои солҳои шастуми қарни гузашта барои Шумову падари азизамон, ки ҳамагӣ як деҳқони камбағал буданд (руҳашон шод бод!), калон кардани шаш писар. Рӯзу шаб, ба таъбири мардум, ҷон мекоҳондеду худатон намехӯрдеду намепӯшидед, моро мехӯрондеду мепӯшондед. Ёд надорам, ки бо ин ҳама мушкилиҳо боре шиквае аз рӯзу рӯзгори хеш ба лаб оварда бошед. Шикваи Шумо аз дигар чиз буд, модарҷон: гоҳ-гоҳ бо афсус мегуфтед: «Барои шумо, ақаллан, як хоҳараке ба дунё наовардам, то аз лутфу дилсӯзии хоҳаронааш бархӯрдор мегаштед. Гарди домони шуморо бо мижгон мерӯфт.
Ба рӯзи тӯятон мерафт арғушт,
Миёни давра бо шавқи зиёда.
Ва бар рӯи шумо дар боз мекард
Ба рӯи ҳамчу садбарге кушода».
Дареғо, ки дар дилатон ин армон ношикаста монд, модарҷон. Мо ҳам аз бехоҳарии хеш озурдахотир будем, аммо намегузоштем, ки душвории корубори хона алами бедухтарии шуморо боз ҳам афзунтар кунад. Ҳамагӣ ба шумо дастёр будем. Саҳар барвақт мехестему ҳар яке ба иҷрои корҳои ба мо вобастакардаатон машғул мешудем: ҳавлӣ мерӯфтему ба зери дег алав мемондем, об меовардем…, бо вуҷуди ин ҳама, Шуморо як лаҳза бекор намедидем. Як бор намедидем, ки дар раҳу рӯ ё лаби чашмаи деҳа бо занҳои ҳамсоя як дақиқа вақти худро беҳуда гузаронда бошед. Чунон чобуку чаққон будед, ки бо вуҷуди он ҳама серкорӣ, ба ҳаққу ҳамсоя дастатон мерасид. Шумо гули сари сабади маъракаҳои деҳа будед.
Бо ин ҳама ташвишҳои зиндагӣ, дар таълиму тарбияи мо, шаш бародар як лаҳза бепарво набудед. Намегузоштед, ки вақти андаки худро бефоида дар кӯча гузаронем. Бо бачаҳои бадафъол моро ҳамроҳ шудан намемондед. Доимо таъкид мекардед: «Агар ба дарахти боғи касе чашм ало мекунед ё ба хаси ҳамсоя даст мерасонед, аз худ гила кунед». Албатта, ин маънои онро надошт, ки Шумо моро шиканҷа медиҳед, балки ин таъкидатон моро водор мекард, ки ҳар амали нохуб дар наврасӣ метавонад дар сиришти мо як хислати зиштро эҳё кунаду ояндаамонро тира созад. Мо ин таъкидҳои шуморо як аломати асосии огоҳкунандаи роҳи ҳаёти худ медонистем, модар!
Моро саҳар ба мактаб мегуселондеду то омаданамон чашм ба роҳ интизорӣ мекашидед, зеро роҳи байни деҳаю мактабамон қариб ба 10 километр мерасид. «Роҳи дурро ташвишаш бисёр», - мегуфтед. Шабҳо даври як чароғ (он вақт дар деҳа чароғи барқӣ набуд) моро мешинондеду дарс тайёр карданамонро назорат менамудед. Шумою падарамон дар як замони ниҳоят мураккаб ба камол расида, аз илм бебаҳра монда будед, аз ин рӯ, мехостед, ки мо аз ин неъмати олӣ бенасиб намонем. Фарзанди боодоб, бофарҳанг, боилму ҳунар калон карданро вазифаи асосии падару модар медонистед. Натиҷаи ҳамин ҳисси баланди масъулиятшиносии Шумо буд, ки дар мактаб ҳамаи мо аълохон будем. Дар деҳа аввалин оилае будем, ки аз шаш нафар чор нафарамон соҳиби маълумоти олӣ шудему ду нафарамон соҳиби маълумоти миёнаи касбӣ. Яке сарвари хоҷагӣ, дигар раиси ҷамъияти матлубот, сеюми сарвари мактаб, чорумӣ эҷодкор, ду нафар соҳибкор. Дар ин баробар, ҳамаи моро соҳиби оилаву хонаю дар намудед. Дар як ҳавлӣ зиёда аз 20 сол панҷ-шаш келинро ба даври худ муттаҳид намуда, ба онҳо модарона муносибат мекардеду зиндагии аҳлона ба сар мебурдем. Ман бо завқ мегуфтам:
Хонаи ободи шаш фарзандатон
Дар назар шаш қитъаи рӯи Замин.
Гӯиё, эй модарам, бинмудаед
Хешро пайванди шаш сӯи замин…
Дар кушода сӯятон аз шаш
тараф,
Бо муҳаббатҳои гарму беҳисоб.
Ҳамчу бар сӯи замин, бар шаш
тараф
Рӯятон бошад чу рӯи Офтоб.
…Модарҷони азиз, набераю абера ва чабераҳоятон ба панду насиҳатҳои Шумо гӯш дода, бо роҳи бобоёну падарон рафта, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло даҳҳо нафари онҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ва берун аз он садоқатмандона заҳмат мекашанд. Яке олим асту дигар ҷарроҳ, сеюмӣ ҳуқуқшинос асту чорумӣ сармуҳосиб ва ғайраву ғайра. Оре, модарҷон, давлати меросмондаи Шумо бузург аст. Эй кош, ҳар як модари тоҷикро чунин давлат насиб шавад…
Абдусаттори РАҲМОН, шаҳри Ваҳдат