ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

11 октябр 2024, Ҷумъа
3
0


10-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатиамон мешуморем.
Мавзуъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши дуҷонибаи мол шудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки муколамаи кунунии роҳбарият ва аъзои ниҳодҳои парлумонии ду кишвар дар Душанбе барои пешбурд ва таҳкими руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ хидмат хоҳад кард.


МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БО МУҲАММАД БОҚИРИ ҚОЛИБОФ
10-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳими худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.
Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн, ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.
Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.
Ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро, ҳамчунин, дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

Санаи нашр: 11.10.2024 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив