ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ПОЯИ "ДУОИ МОДАР"

ДАР ПОЯИ "ДУОИ МОДАР"

17 октябр 2024, Панҷшанбе
1
0


Модари миллат ба он дасти дуо
Бозтоби роҳи нур асту шуо.
Дар гусели он ҷигарбандони хеш
Бо дуояш раҳнамоу раҳкушо.
Ҳайкали меҳру муҳаббатофарин.
Баҳри тифлонаш мададҷӯ аз Худо.
Ӯ ҳамехоҳад ба тифли миллаташ
Тахти меҳру бахти он мурғи Ҳумо.
Ҳастиаш панд асту андарзу ҳадис,
Зуд баҳри ӯ дари дилро кушо.
Пеши он модар суҷуде оварам,
Ки дуояш буда бас мушкилкушо.
То нафас дорам, ҳамегӯям ба худ:
Ҷони ман қурбони он дасти дуо.
Тифли ӯ бо хилқати эҳёгарӣ,
Ваҳдату созандагӣ дода ба мо.
Каъбаи умеди халқи тоҷик аст,
Модари Сарвар ба дасти босахо.
Модари фарзонафарзанди Ватан.
Лоиқу арзандаи ҳамду сано.
Он дуои модари меҳрофарин
То абад бахшад ба ҷони мо зиё!

Бобоҷони НУРЗОД, ноҳияи Айнӣ



ДОМОНИ МОДАР
Дар хаёлу хобҳои бачагӣ,
Ман ҳамеша сӯи гардунҳо паридам.
Рӯи парҳои сапеде чун саманд,
Гӯиё то абрҳои авҷпаймо мерасидам.
Гоҳ-гоҳе абрҳои нимароҳ
Пеши чашмонам гирифтан хостанд.
Дасти модар омаду овози ӯ,
Тирагиҳо кам шуданду костанд.
Вақти хобам бар замин афтодаам
Ман аз ин парвозҳои беҳисоб.
Баъди афтодан зи нав бархостам,
Оҳ аз ин рӯзу шабони бошитоб.
Кӯдакам имрӯз мепурсад зи ман:
- Чист модар орзуи ту ба дил?
- Оре, акнун орзуи ман туӣ,
Хуш ба парвоз о, бишав ту мустақил.
Кӯдакӣ парвоз дар домони туст,
Домони модар чи зебо чун само.
Эътимоду такя бар бозуи ӯ,
Ҳаст моро ҷовидона раҳнамо.


МУЖДАГОНӢ
Баҳори дигаре овар, ки гулзорам хазонӣ шуд,
Тамоми бору баргам хастаҷон аз парфишонӣ шуд.
Заминӣ кун мисоли худ ҷаҳони бебақоямро,
Ки бо номи азизи ту заминам осмонӣ шуд.
Бихон афсонаи зебои буданро, ало модар,
Ҳамин лутфи ту буду достонам меҳрубонӣ шуд.
Ба ёдам ҳаст, рӯзе чун ба мактаб шод овардӣ,
Дуо кардиву ҳарфи ман ҳама ширинбаёнӣ шуд.
Муҳаббатқиссаҳоямро ту медониву уммедат,
Туро гуфтам, ки сад олам маро дар ҳамзабонӣ шуд.
Ало модар, маро бахшо, ки дурам боз аз наздат,
Чу атри ёди ту дар рӯзгорам муждагонӣ шуд.


ХУРШЕДИСИРИШТ
Садои нозукаш боли фаришта-ст,
Ва атри вожаҳояш аз биҳишт аст.
Маро ламсу ситоиш мекунад ӯ,
Ба дастоне, ки хуршедисириштаст.
Ало модар, туӣ Хуршеди дунё,
Ки рӯятро ҳама бо гармӣ дидаст.
Зи ҳарфу ҳар ҳиҷову нақш берун,
Ва кай мисли туро Монӣ кашидаст?!
Туро монанд бемонандии туст,
Худо танҳо туро хос офаридаст!
Фарзонаи ЗАРАФШОНӢ, 
рӯзноманигори “Паёми Суғд”


ДАР ДУ КАФИ ДУОЯТ АШКАТ ЧАКИДА, МОДАР
Эй нури дида, модар, эй нури дида, модар,
Аз бори зиндагонӣ пуштат хамида, модар. 
Бинанд роҳатеро заҳматкашидагон, лек 
Заҳматкашида, модар, роҳатнадида, модар. 
Мӯят сапед гашта дар шоми тори ғамҳо, 
То ки равон шудам ман сӯйи сапеда, модар. 
То ҳафт бачаи ту бахти баланд ёбад, 
Дар ду кафи дуоят ашкат чакида, модар. 
Бар мо расида умре ғофил зи худ бигаштӣ, 
Бар чораи дили худ, эй норасида, модар. 
Дастам намерасад, ки дармон кунам ба дардат, 
Аз дасткӯтаҳӣ беҳ дасти бурида, модар. 

Шаҳёд ШАРИФЗОДА,
корманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


НАХУСТИН УСТОДАМ МОДАРАМ БУД...
(дар ҳавои шеърҳои устод Бозор Собир)
Нахустин шеър бе дафтар навиштам,
Ба чашмони ғамину тар навиштам.
Хаташ хатҳои мавҷи майсазорон,
Сари по, бо пари кафтар навиштам.
Нахустин устодам модарам буд,
Нахустин лавҳ тоқии сарам буд.
Ҳамон шерозаи гулдӯзии ӯ
Арӯзу матлаи шеъри тарам буд.
Нахустин шеъри ман булбулнавишта,
Ба зери сояи сунбул навишта.
Ба оби дида бо най аз ғамистон,
Ба барги чукрии бегул навишта.
Даме, ки модарам андар барам буд,
Даме, ки модарам тоҷи сарам буд,
Нахустин мисраам лабханди модар,
Сари зонуи модар минбарам буд.
Нахустин шеър бе дафтар навиштам,
Ба чашмони ғамину тар навиштам.
Бале, бо меҳр андар лавҳи қалбам
Нахусти вожаро “Модар” навиштам!

Давлат ҚУВВАТ, 
эҷодкор аз ноҳияи Нуробод

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив