ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИРО ДАР 9 МОҲ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

СУҒД. ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИРО ДАР 9 МОҲ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

17 октябр 2024, Панҷшанбе
7
0


15-уми октябр ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матуботи вилоят, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2024 муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода гузориш дод. Маълумот дода шуд, ки давоми 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 20 миллиарду 360,7 млн сомонӣ расонда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 113,5 фоиз таъмин гардид. 
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба миқдори 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани рустанӣ, 3976,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 33411,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 35196,7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт, 1 миллиону 551,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.  
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соли равон 133 корхонаву коргоҳи нав бо 1939 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 корхонаю коргоҳи дӯзандагӣ бо 996 ҷойи кор ва 2 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 66 ҷойи кор таъсис дода шуд, ки ба маблағи 178,6 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. 14 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли пойафзол ба 1170,9 ҳазор ҷуфт баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 773,8 ҳазор ҷуфт зиёд аст. Шумораи корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба 5 адад расида, дар моҳҳои январ-сентябр ба маблағи 1544,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.  
Ба ҳолати 1-уми октябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 16 миллиарду 288 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 дарсад таъмин гардид. 
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар нуҳ моҳи соли 2024 ба 14 млрд 213,4 млн сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 109,0 фоизро ташкил намудааст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 2 млрд 276,5 млн доллари ИМА расонда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 111,4 фоиз таъмин гардид. 
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 ба андозаи 103,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3614,0 млн сомонӣ  ворид карда шуд. Нақшаи воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ 109,7 фоиз ё 87,9 млн сомонӣ барзиёд, андоз аз арзиши иловашуда 106,4 фоиз ё 31,4 млн сомонӣ, аксизҳо 105,1 фоиз ё 3,0 млн сомонӣ, андоз аз истифодаи захираҳои табиӣ 120,4 фоиз ё 104,5 млн сомонӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул 104,8 фоиз ё 12,4 млн сомонӣ, низомҳои содакардашудаи андозбандӣ 104,7 фоиз ё 11,9 млн сомонӣ, боҷи давлатӣ 101,4 фоиз ё 633,0 ҳазор сомонӣ ва пардохтҳои дигари маҳаллӣ 111,6 фоиз ё 1,98 млн сомонӣ барзиёд таъмин гардидааст. 
Дар ҷаласа, инчунин ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ ва Гулистон шунида шуд. 
Раиси вилоят барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи ҷамъоварии пахта, таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки замин ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи ғизоӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, бунёд, таъмиру бозсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Изҳори бовар карда шуд, ки сокинони шарафманди вилоят минбаъд низ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив