АШӮР ЭШМУҲАММАДОВ, ЯКЕ АЗ НАХУСТИН СУРАТГИРОНИ РӮЗНОМА
Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабарнигор-суратгирони зиёд ифои вазифа намудаанд, аз ҷумла Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон Алиҷон Раҷабов, Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Исоев, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Тӯхтамурод Рӯзиев ва дигарон. Ашӯр Эшмуҳаммадов дар ин радабандӣ дар сафи аввал аст.
Ашӯр Эшмуҳаммадов аз соли 1928 дар рӯзномаи “Бедории тоҷик”, минбаъд дар “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони советӣ”, “Тоҷикистони шуравӣ”, яъне “Ҷумҳурият”-и имрӯза ба фаъолияти эҷодӣ машғул шуд. Дар ин муддат ӯ саросари ҷумҳуриро қадам зада, садҳо сурат бардошта, дар саҳифаҳои рӯзнома нашр намудааст.
Дар тарҷумаи ҳоли ӯ як саҳифаи дигаре низ ҳаст. Соли 1928 ӯро ба рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» ба шаҳри Тошкент даъват карданд. Вай дар ин нашрия шаш сол кор карда, боз ба Тоҷикистон, ба рӯзномаи дӯстдоштааш “Тоҷикистони сурх” баргашт. Аз соли 1934 то соли 1968, то дами ба нафақа баромадан хабарнигор-суратгири «Тоҷикистони советӣ» буд ва кам рӯзноманигороне ёфт мешаванд, ки солиёни зиёд дар як идора заҳмат кашанд. Дар суратҳои Ашӯр Эшмуҳаммадов таърихи кишвар ва рӯзгори мардуми Тоҷикистон акс ёфтаанд ва аз ҳамин сабаб, ӯ наворҳои нодирро ба хазинаи Осорхонаи давлатии Тоҷикистон супурд. Устод Ашӯр Эшмуҳаммадов ба суратгири ҷавон Алиҷон Олимов нозукиҳои касбро омӯхт ва шогирд дар ин соҳа ба комёбиҳои шоиста ноил гардид.
“Ашӯр Эшмуҳаммадов, – навиштаанд ҳамкоронаш дар рӯзномаи “Тоҷикистони шуравӣ”, аз 26-уми апрели соли 1991, – алалхусус дар таҳияи фотомонтаж маҳорати хосса доштанд. Дар солҳои сиюму чилуму панҷоҳуми асри ХХ чопи фотомонтаж дар рӯзномаҳо расм буд ва дар бисёр озмунҳои ҷумҳуриявӣ ӯ ғолиб мебаромад. Солиёни охир тӯфони рӯзгор ба сараш мусибати гарон овард: аз марги нобаҳангоми писар дар зери кӯҳи ғам монд, аммо дар лаҳзаҳои сахт дӯстон, шогирдони асил, кормандони рӯзнома ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ӯро фаромӯш накарданд ва алоқадри ҳол ёрӣ расонданд. Охир, хизмати бузурги суратгирро дар рӯзноманигорӣ ва васфи Ватан аз хотир баровардан мумкин нест!».
23-юми апрели соли 1991 миқрози аҷал риштаи умри собиқ хабарнигор-суратгири «Тоҷикистони шуравӣ», Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони СССР (ИҶШС) Ашӯр Эшмуҳаммадовро дар 86-солагӣ барканд. Дили рӯзноманигоре аз задан бозмонд, ки умри худро ба Тоҷикистон бахшида буд.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”