ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

17 октябр 2024, Панҷшанбе
6
0


Ҷилои чеҳраҳои нав
Имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Некрӯз Саидниёзов, хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-уми шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи якум гардид. Дар озмуне, ки 525 нафар иштирок дошт.
Мо имрӯз шоҳиди он мегардем, ки озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» танҳо озмуни муқаррарӣ нестанд, зеро сол ба сол чеҳраҳои нав аз худ дарак медиҳанд. 
Ин навбат, Некрӯз бо ҳунари баланд ва иҷрои аълояш ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати амиқ нисбат ба фарҳанги тоҷиконро ба намоиш гузошт. Дастовардҳои ин Озмун нишони он ҳастанд, ки ҷавонони мо ба фарҳанг ва суннатҳои аҷдодии худ, аз ҷумла мусиқӣ, эҳтиром ва таваҷҷуҳ доранд. 
– Қабл аз ҳама сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, – гуфт зимни суҳбат Некрӯз. – Маҳз дастгириву иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат боис мегарданд, ки имрӯз орзуҳои ҳар яки мо ҷомаи амал пӯшанд. Албатта, ширкат варзидан дар чунин як Озмун кори саҳлу осон нест, чунки беҳтарин нафарон ва донандагони санъату фарҳанги волои тоҷик дар он иштирок мекунанд. Агарчи аз хурдӣ зери сояи падар бо нозукиҳои санъат воқиф гашта бошам ҳам, дар он толори бузург байни издиҳоми одамони фарҳангӣ ҳаяҷони аҷиб маро фаро гирифт. Дар давоми чанд рӯз шоҳиди сурудхониву навозандагии иштирокдорон гардида, умед надоштам, ки ғолиб меоям. 
Воқеан, васеъ шудани доираи иштирокдорон дар озмунҳои зикршуда, бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик аз азал дӯстдори каломи бадеъ ва фарҳангу санъати волост. Инро мо дар баргузории даври аввали Озмун бо иштироки 5302 нафар мушоҳида намудем. Маҳз чунин ҷамъомадҳо метавонанд, чеҳраҳои навро ба майдон оваранд. 
«Барои мо – наврасон ва ҷавонон, қабл аз ҳама, дастгирӣ ва монеъ нашудан ба интихобамон аз ҷониби волидон, устодон ва ҷомеа муҳим мебошад. Агар падару модар барои ба роҳи санъат рафтани ман зид мебуданд, ҳаргиз ғолиб намеомадам. Вале, падарам борҳо зимни тамрин таъкид намуданд: «Ман ба ту боварӣ дорам. Ту бояд ба қадри дастгириҳои Сарвари давлат бирасӣ, зеро дар ягон давру замон ба хотири ояндаи нафаре чунин ғамхориву дастгириҳо набуд». Ҳар гоҳ ки тариқи телевизион рафти Озмунро тамошо мекардам, дар дилам шавқи иштирок дар он бедор мешуд. Инак, соли сеюм аст, ки ширкат меварзам. Соли аввал то даври ҷумҳуриявӣ омадам, соли дуюм бошад, то даври шаҳрӣ. Тасмим гирифтам, ки бояд бештар заҳмат кашида, сазовори ҷойи намоён гардам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Имсол бо иҷрои ғазали «Ушшоқи Самарқанд», ки ба қалами шоири классики тоҷик Зебуннисо тааллуқ дорад, ғолибиятро ба даст овардам”, – афзуд Некрӯз Саидниёзов. 

Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив