ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУРБОРИИ ХИРМАНИ ДЕҲҚОН ФАРОВОНИИ БОЗОР АСТ.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

ПУРБОРИИ ХИРМАНИ ДЕҲҚОН ФАРОВОНИИ БОЗОР АСТ.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

17 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0


Мавсими имсолаи баҳориро, сарфи назар аз баъзе мушкилиҳо, барои деҳқонони панҷакентӣ метавон бобарор арзёбӣ кард, зеро натиҷаҳо дар ҳамаи самтҳои соҳа: сабзавотпарварӣ, зироату картошкапарварӣ ва боғу токпарварӣ назаррасанд. Масалан, аз 3 ҳазору 80 гектар майдони картошка кишоварзон зиёда аз 73 ҳазору 556 тонна ҳосил бардоштанд, ки аз нақша 17 ҳазору 400 тонна зиёд мебошад ва ё  ҳосили сабзавот то ҳозир қариб ба 70,5 ҳазор тонна расидааст, ки аз нақша 16,2 ҳазор тонна бештар аст. Дар ин шабу рӯзҳо ҷамъоварии картошка, қаланфури булғорӣ, сабзӣ дар хоҷагиҳо идома дорад.
– Воқеан ҳам,  самари кори деҳқонони мо имсол шоистаи таҳсин аст.  Ҳоло низ деҳқонони панҷакентӣ ба бозорҳои кишвар, аз ҷумла Душанбеву вилояти Суғд, то 1,5-2 ҳазор тонна сабзавоти гуногун мефиристанд ва чӣ тавре ки мебинед, дар майдони сабзавоту боғот ҳосил ҳамоно фаровон аст. Дар мавсими имсола дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2083 тонна мева ва қариб 70 тонна ангур аз нақша зиёд истеҳсол шуд, – мегӯяд Ибодулло  Мутаиллоев сардори раёсати кишоварзии  Панҷакент.  
Ба хотири тамоми фасли сол муътадил таъмин кардани аҳолии шаҳру кишвар дар Панҷакент ҳам ҷиҳати бунёди гармхонаҳо ва сардхонаҳои замонавӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд. Ҳоло  дар  ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр  44  гармхона дар масоҳати 14 ҳазору 70 метри мураббаъ ва 6  сардхона бо ғунҷоиши 1 ҳазору 650 тонна маҳсулот мавҷуд аст. 
Соли равон  теъдоди иҷоракорон  зиёд шуда,  муҳоҷирати меҳнатӣ тамоюли поинравӣ дорад, ки ин ҳам аз амалишавии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  коҳиш додани муҳоҷирати оммавӣ ба хориҷи кишвар дарак медиҳад. 
Деҳқонони хоҷагии деҳқонии “Мирзобобо Қиёмов” аз Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан  дар натиҷаи талошу кӯшишҳо ва риояи талаботи технологӣ тавонистанд  аз 26  гектар қитъаи замин ҳосили фаровони картошкаю сабзӣ ба даст оваранд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар  400-450 сентнерро ташкил медиҳад. Сардори хоҷагӣ Мансур Гадоев аз он изҳори қаноатмандӣ дорад, ки заҳмату бедорхобиҳо самари хуб бахшид.
– Ташаккури зиёд ба  мақомоти маҳаллӣ, ки ба мо дар ҷудо кардани замину парвариши сабзавот, ҳалли мушкилиҳои пешомада сари вақт мусоидат мекунад. Дар мавсими имсола, ҳеҷ мушкил пеш наомад, ҳам бо об таъмин шудему ҳам бо барқу нуриҳои минералӣ. Бо итминон гуфта метавонам, ки даромади молиявии имсола  аз  парвариши сабзавот нисбат ба соли қаблӣ ду баробар зиёд мешавад, – иброз медорад иҷоракор  Мансур Гадоев.  
Ба андешаи Ибодулло Мутаиллоев, истифодаи самараноки замин, фаровонии ҳосили сабзавоту меваҷот водор месозад, ки соҳибкорони маҳаллӣ бунёди коргоҳҳои хурди коркарди ниҳоӣ: афшурдаю нӯшобаҳои гуногуни аз лиҳози экологӣ тозаро ба роҳ монанд. Сокинони Панҷакент барои зиёд кардани истеҳсоли меваю сабзавот, картошка, сабзӣ, шолӣ, тараққӣ додани моҳипарварию занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои калон доранд, ки аз онҳо мебояд самаранок истифода бурд. 

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив