ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РЕЗАБИБӢ, НИҲОЛИ БЕД, БОҒИ НАВБУНЁД ВА ПЕШРАФТИ МУРҒОБ

РЕЗАБИБӢ, НИҲОЛИ БЕД, БОҒИ НАВБУНЁД ВА ПЕШРАФТИ МУРҒОБ

17 октябр 2024, Панҷшанбе
2
0


Реза Қувватова бо шавҳараш дар деҳоти  Вери ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекард.  Як рӯз шавҳараш  хабар овард, ки ӯро ҳамчун мутахассис барои  роҳсозӣ ба Мурғоб сафарбар менамоянд. Ҳамин тавр, оилаи ҷавон  ба Мурғоб кӯч баст. Зану шавҳар он вақт гумон мекарданд, ки дар ин ноҳияи дурдаст, ки  аз дарахту бутта чизе ба назар намерасид, то омадани мутахассиси нави роҳсозӣ муваққатан мемонанд, аммо бо амри тақдир Мурғоби баландкӯҳ маскани доимиашон  гардид.

Р. Қувватова дар нуқтаи хизматрасонии маишӣ  барои ронандагон ба  кор даромад. Аз сабаби мавҷуд набудани  роҳи доимоамалкунанда байни шаҳру деҳоти Бадахшон ва маркази ҷумҳурӣ роҳи  автомобилгарди  байни шаҳри  Хоруғ ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон  мақоми умумиитифоқӣ гирифта буду барои таъмири автомобилҳои боркашонӣ ва таъмини  ронандагон бо ҷойи будубош ва хурду хӯрок дар маркази ноҳияи Мурғоб бунгоҳи  таъмири нақлиёт  ва хобгоҳу ошхона бунёд гардид. Агарчи рафтуомади автомашинаҳо дар ин масир он вақт зиёд набуд, вале бунгоҳ хизматрасониашро ба мизоҷон ба шарофати ин зани меҳнатқарин дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда, ҳамеша тозаву озода буд. Акси ӯ дар қатори пешқадамони меҳнати сотсиалистӣ ҷой гирифта буду чандин бор ӯро  ба Шурои депутатҳои халқи вилоят вакил интихоб намуданд. Дар тули солҳои фаъолияти кориаш ӯ ҳамагӣ ду маротиба ба шаҳри Душанбе сафар доштааст ва ин ҳам  ҳангоме ки ӯро чун намоянда  дар қатори пешқадамони меҳнат  барои ширкат дар маҷлис фиристодаанд. 
 – Вақте  ки  бо  шавҳарам ба Мурғоб омадем, дар ҷойи шаҳраки замонавии ҳозира фақат комендатураи ҳарбӣ ва чанд юрта вуҷуд дошту халос. Гирдогирд даштҳои хокистарранги нопайдоканор. Солҳои шастуми асри гузашта сохтмони қисми ҳарбӣ ва нахустин  биноҳои маъмурӣ ва маишӣ  оғоз ёфту кормандону мутахассисон аз  ҳар гӯшаи кишвар ба ин ҷо сафарбар гардиданд. Бо беҳбуд ёфтани вазъи иҷтимоӣ  нуфузи маркази ноҳия аз ҳисоби кӯчида омадани  аҳолӣ аз деҳот афзоиш ёфт. Он солҳо мардуми ноҳия ба  нахустин ниҳоли бед, ки чун намуна чанд соли аввал дар тағора парвариш ёфта, баъдан дар назди бинои кумитаи  ҳизбии ноҳия шинонда шуд, чун ба муъҷиза назар мекарданд. Кӯшишҳои зиёди  кабудизоркунии  маркази ноҳия барор нагирифанд, зеро набудани оби полизӣ ва иқлими сарду сахт монеъ мешуд. Вале ҳоло мебинам, ки назди бештари идораву муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ кабудизор шудаанд, бовари кас  намеояд, магар  иқлим дигар гашта, ё рустаниҳо ҳам ба ин шароити табиӣ  мисли ман мутобиқ шудаанд? – мегӯяд  Резабибӣ. 
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар даромадгоҳи маркази ноҳия боғи фарҳангу фароғатӣ бунёд ёфт ва дар ин  ҷову ҳудудҳои дигари ноҳия танҳо дар як соли охир зиёда аз 10 ҳазор ниҳоли бед, хучу настаран ва ангат, қоту қарақот шинонда шуд, ки қисми зиёдашон дар нашъунамо ҳастанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Мурғоб  рушд намуда, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Биноҳои навбунёди зебо симои марказро  куллан дигар намудаанд. Ҳамаи ин дигаргуниҳоро  Резабибӣ бо чашми худ дидаву мушоҳида намудааст. 
– Сарвари кишварамон одами бахайру хушпойи қадам ҳастанд, – суханашро идома дод Резабибӣ. – Сафари нахустинашонро ба ноҳия нағз дар хотир дорам. Мо ба пешвозашон  дар фурудгоҳ интизорӣ мекашидем, вале  Ҷаноби Олӣ бо автомашина омаданд. Мардуми зиёде  дар атрофаш ҷамъ шуданду   суҳбати озодонае доир гардид. Сипас, мулоқот бо кормандони мақомот ва фаъолони ноҳия дар маҷлисгоҳ идома ёфт. Баъди ин қудуми мубораки  Пешвои миллат  Мурғоб ҳам рӯ ба тараққӣ ниҳод.  Ҳоло корвони автомашинаҳои зиёд  шабу рӯз аз назди манзили  истиқоматиамон  мегузаранду борҳои гуногуни хоҷагии халқ мекашонанд. Масири Хоруғ – Мурғоб  мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар ин росто,  сатҳи зиндагии сокинони ноҳия ба таври бесобиқа баланд гардид.
Резабибӣ  қаҳрамонмодар аст. Чанде пеш ӯ меҳмони писараш дар маркази ҷумҳурӣ  шуд. 
– Бовар кунед, ман  Душанбееро, ки солҳои пеш меҳмон шуда будам, нашинохтам. Ҳама ҷо обод, мардум хушу хурсанд. Ба ҳар тарафе, ки нигарӣ гулу гулзор, биноҳои зебои бисёрошёна, – бо хушнудӣ нақл кард Резабибӣ.
Бо вуҷуди ин, модар дар шаҳр зиёд наистод, пас аз чанде дилаш боз ба Мурғоб кашид, ӯ бо вуҷуди хоҳиши писару келинаш ба манзилаш баргашт.
– Ба ин ҷо одат кардаам ва мехоҳам, ки боқимондаи умрамро  дар  ин макон гузаронам. Ман акнун Мурғобро бо ҳама сахттарин бодҳо ва сардтарин рӯзҳои зимистонаш дӯст медорам. Барои ман Ватан аз  ин макони пурасрору  баландкӯҳ ва  иқлимаш сарду сахт  оғоз меёбад.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив