ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР ВА ВАТАН ҶОНПАЙВАНДАНД. НОМАИ САРБОЗ БА МОДАР

МОДАР ВА ВАТАН ҶОНПАЙВАНДАНД. НОМАИ САРБОЗ БА МОДАР

17 октябр 2024, Панҷшанбе
15
0


Салом очаҷон! Шуморо ёд кардам. Боз нагӯед, ки чаро писаратон аз ёди Шумо ғофил шудааст. Ҳаргиз чунин нест. Ҳамеша, ҳар соату ҳар лаҳза, ба ёди шумоям. Фурсат меҷустам, то каме фориғ шаваму бароятон номае навишта, аз ҳоли худ огоҳ кунам. Ҳолам хуб аст, хавотир нашавед. Худатон, падарам ва бародаронам хуб ҳастанд? Ҳамаашонро пазмон шудам. Оча, ёдатон ҳаст ҳар субҳ маро бо меҳрубониву раҳму шафқат аз хоб хезонда, бароям субҳона омода мекардед? Субҳи рӯзи душанбе фаро мерасид, пироҳани сафеди мактабиамро дарзмол карда, мепӯшондед. Он замонҳо ман мактабхон будам. Аз вуҷуду ҳузуратон дар хона ифтихор мекардаму мегуфтам: "Чӣ қадар модари меҳрубон дорам!".
Ҳоло, ки аз оғӯши пур аз меҳру муҳаббати шумо дур шудаву либоси низомӣ ба бар дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хидмат мекунам, ҳамаи он лаҳзаҳои гуворои кӯдакиву наврасӣ ба хотир меоянду ашки ҳасрат аз дидагон ҷорӣ мешавад. Ин ҷо тартибу низом дигар аст. Бо як ишора бояд аз бистари хоб ҷаст ва пайи варзиши бадан шуд. Ҳама амали ин ҷо нақша ва вақти дақиқ дорад. Дар ин фазо, ки ҳар қадамаш масъулият аст, қадри Шумо бештар мегузарад.
Имрӯз дар оғӯши модари дигаре ҳастам, ки номаш Модар-Ватан аст ва маро мисли шумо дар оғӯши ҷонбахш парвариш дорад. Муҳаббати ин модар аз муҳаббати шумо фарқе надорад. Ҳар субҳ, ки бо ҳамроҳии ҳамсангарон барои субҳона хӯрдан ба ошхонаи ин мактаби ҷасорат ва мардонагӣ меравем ва сари дастархон менишинам, ба машомам бӯи нони гарми пухтаи шумо меояд ва онро бо ҳазорон ҳасрат мечашам. 
Ин ҷо низом сахт аст, аммо одобу ахлоқ дар ҷои аввал қарор дорад. Наметавонам он нозеро, ки ба шумо мекардам, ин ҷо кунам. Ҳамаи корҳоро бояд худам анҷом диҳам. Бештару пештар дарк мекунам, ки меҳрубониҳои шумо маро танбал карда будааст. 
Бароям хеле душвор буд, лекин ба ҳамааш одат кардам. Ҳарчанд аз Шумо дурам, вале ин дурии ман ба хотири ҳимояи ин хоки муқаддас ва муҳофизат аз ному боми баланди шумост. Диламро бо ҳамин оромиш мебахшам. Ман ин ҷо аз илм ва нозукиҳои ҳарбу зарб огоҳ гаштам. Омодаам, ки барои осоишу ҳифзи ин қаламрави муқаддас ва ҳамаи модарону бонувон ва кӯдакони тоҷик ҷон нисор намоям.
Дар хидмати низомӣ бо дилу ҷон эҳсос кардам, ки Ватан танҳо маҳал ё ҳамон зодгоҳи ман нест, балки он Бадахшону Хатлон, Рашту Ҳисор ва Зарафшону Суғд дорад. Ҳар қадар бузургӣ ва ҷойгоҳи Меҳанамро бештар мешиносам, ҳамон қадар бузургии шуморо низ пай мебарам. Бешубҳа, дар таҷрибаи панҷсолаи таҳсили низомӣ тасдиқ шуд, ки Ватан аз гаҳвораи модар ва остонаи падар оғоз мешавад.
Модарҷони азизам! Бибахшед, ки дар кӯдакиву наврасӣ шуморо озор додаву сабаби ранҷиши шумо шудаам. Умедворам ҳеҷ гоҳ қалбатон аз ман озурда набошад. Зеботарин ва поктарин қалби дунёро дореду ман то ҳол натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз барои ман кашидаед ҷуброн кунам. Эй азизтарини ҳаётам. Мехоҳам номатонро шабеҳи гулҳо гӯям, аммо гул бо омодани поиз хазону пажмурда шуда мемирад. Очаҷон! Мехоҳам номатонро Офтоб гӯям, вале он низ ғуруб мекунад. Мехоҳам номатонро шабеҳи ҷонам гӯям, чун агар рафтед аз барам, ман ҳам набошам. Ҳарчанд дар ин номаи ночизи худ васфи шуморо кунам, аммо қалам оҷиз асту дастонам меларзад. Беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии худро бо тапиши қалбатон эҳсос мекунам. Умеди онро дорам, ки ҳамеша хушбахт бошед! Ба зудӣ ба дидоратон хоҳам омад!

Бо эҳтиром ҷигарбанди Шумо 
сержант Толиб САИДОВ, 
курсанти курси 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив