ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЛОТАР АЗ ДУОИ НЕКИ МОДАР ЧИЗЕ НЕСТ

БОЛОТАР АЗ ДУОИ НЕКИ МОДАР ЧИЗЕ НЕСТ

17 октябр 2024, Панҷшанбе
8
0


Муҳаббат дар дилаш, ҷаннат зери пояш, дуо дар забонаш – ин танҳо сифатҳои модар аст. Зиндагии саодатманду бобарори инсон ба дуову розигии модар вобаста аст. Агар шахс қасдан ё аз беандешагӣ модари худро ранҷонад, хушбахт нахоҳад буд. Муносибати гарм, меҳру муҳаббат нисбат ба модарон гарави ҳаёти бобарору хушбахтонаи ҳар инсон аст. Беҳуда дар яке аз ҳадисҳои Паёмбарамон (с) наомадааст: «Биҳишт дар зери пои модарон аст». Дар ин маврид калимаи «биҳишт» ба маънии давлат, саодат, ободӣ, осоиштагиву хушбахтӣ, сулҳу оромиш омадааст. 
Модар бо ин хусусияти худ қодир аст, ки фарзандро ба қуллаи баланд расонад ва баръакс, бинобар ин дарёфти дуои неки модар бахту саодати моро муайян мекунад. Дуое, ки модар дар ҳаққи мо ба сӯи Парвардигор даст мебардорад, қалъае мегардад, ки девораш моро аз газандҳои зиндагии пурпечутоб ҳифз мекунад. 
Дар ин маврид, масали машҳуреро метавон ба ёд овард, ки қудрати дуои модарро нишон медиҳад. Чунончи ривоят мешавад, ки дар замонҳои қадим боре роҳзанон деҳаеро оташ зада, фарзандони як хонадонро медузданд. Модари фарзандон наҷот меёбад, аммо ғаму ғусса ӯро азият медиҳад. Тамоми рӯз дар назди хонаи сӯхтааш нишаста, нидо мекард: 
– Парвардигоро, писару духтарамро дар паноҳат нигаҳ дор ва баргардон. 
Мардум кӯшиш мекарданд, ки модарро бурда хӯрок диҳанд ва ӯро ором созанд. Вале модар якравона пешниҳоди онҳоро рад мекард. Модар мегуфт, ман фарзандонро аз душманон муҳофизат карда натавонистам, бигзор дуои ман ба онҳо кумак расонад. Модар дар назди хонаи сӯхта дурудароз нишаста, зери лаб дуо мекард. Пас аз чанд муддат, ногаҳон,  фарзандонаш аз тарафи ҷангал пайдо шуданд. Онҳо аз шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду писарбача гуфт: 
–  Модарҷон, ман санги тез ёфта, ресмонеро, ки бо он дастони моро баста буданд, буридам ва мо гурехтем. 
– Дар ҷангал ба мо хирси азим нияти ҳамла дошт, – гуфт духтар, ки чашмонаш аз тарсу ваҳшат пур аз оби дида буд, –  вале, ногаҳон, гӯиё қуввае ӯро аз ин амал боздошт, ки баргашту рафт. 
– Инчунин, мо ҳангоми задани раъду барқ эмин мондем, – нақл кард писарбача. 
 – Дар баробари ин, – боз ба сухан омад духтар, – мо ҳатто вақти убури дарёи чуқур ғарқ нашудем.
Ҳамин тавр, писару духтари модар банавбат бо таъсири қувваи ноаёне наҷот ёфтани худро ҳикоят намуданд.
Ҳама ба суханони онҳо ҳайрон гӯш медоданд ва баногоҳ пирамарде гуфт: 
– Дуои модар ҳамеша аз пайи фарзандонаш меравад ва онҳоро ҳифз мекунад. 
Маънии ин масал он аст, ки дуои модар дорои қудрати ғайриодист ва фарзандонашро дар ҳар куҷое бошанд, ҳифз мекунад. Беҳуда бузурге нафармудааст: «Дуои модар метавонад фарзандро, ҳатто, аз қаъри баҳр барорад». Охир муҳаббати модар нисбат ба фарзанд самимист. 
Хушбахтона, имрӯзҳо дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон қадру манзалати модар аз ҷониби аҳли ҷомеаи худогоҳу хештаншинос гиромӣ дошта мешавад. Бузург доштани модар, хидмат ба ӯ, гирифтани дуои неки модар хислати азалии мардуми тоҷик мебошад. Дар ин амр хидматҳои  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз бо ҳидоятҳо ва талошҳои Ҷаноби Олӣ имрӯз мақоми зан-модар дар ҷомеаи мутамаддини мо беш аз пеш боло меравад. Президенти мамлакат дар суханронӣ ва баромадҳояшон пайваста ба парастиши модар ва гиромидошти меҳнати беҳамтои модарон даъват мекунанд. Ба шарафи модар дар яке аз баромадҳояшон, гуфта буданд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру вафои бепоён, малҳами дилу ҷон аст. Ҳар офариниши муъҷиза, болоравии маънавӣ ва дарку фаҳмиш, ҳама офаридаҳо ва ёдгориҳо, мардонагӣ ва корнамоиҳо самараи меҳнати шабонарӯзии модар аст. Ҷаҳон дар домани биҳиштмонанди модар ташаккул ёфтааст, аз ин рӯ насли башар ҳамеша аз ӯ миннатдор хоҳад буд». 
Воқеан, модар неъмати бебаҳо, сарчашмаи беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Аз ин ҷост, ки болотар аз модару дуои модар чизе нест. Бигзор, муҳаббат ва таманниёти неки модарон боиси саодати ҳамешагии фарзандон бошад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив