ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ПИСАРАМ, ШИКАМАТ СЕР АСТ?”

“ПИСАРАМ, ШИКАМАТ СЕР АСТ?”

17 октябр 2024, Панҷшанбе
20
0


Рӯзҳои тобистон буд. Ману модарам аз як қитъа замини боғамон ҳосили сабзиро бардошта, дар ӯра рехтем. Чун замин нарм буд, ман дарҳол бели нӯктезро гирифта шуруъ кардам ба побел кардани он. Модарам гуфт:

– Писарам, ту замина бел кун, ман ҳам зардолуи дугонара меафшонам, баъд бо ҳам ош мехӯрем.
– Не-е, шумо набароед! – яке аз бетоқатиаш нороҳат шуда гуфтам ман. – «Дугона» баланд аст, хавфнок, ҳамин, ки корама тамом кунам, худам меафшонам.
Модарам хандид... 
Оҳ, чӣ лабханди мулоиму нозанине дошт он лаҳза, ҳеч аз ёдам намеравад. Дар воқеъ, ба касе мисли модарам, ки дар кӯҳгардию дарахтбароӣ беҳамто буд, «ба дарахт набароед» гуфтани ман бас хандаовар менамуд...
Дар ҳоле ки боди нафиси тобистон аз миёни буттаю дарахтони боғи сарсабз вазида тану тӯшамро пармосида мегузашт, ман хастагиро ҳис накарда бо тамоми неру бел мезадам, қитъазамини холишударо барои коштани такрории картошка омода месохтам. Дар гармии ин шуғли писандидаам ногаҳон сарусадои гӯшгире баланд шуду гӯё осмон ба замин фурӯ рафт. Ба маҳзи шунидани овозҳои дилхароши қарс-қурс ва шақар-шуқури шоху навдаҳои шикастаи дарахт ва нидои баланди модарам, ки «писарҷон!!!» гӯён садо дода буд, бандаи ба ваҳм омада белро ба як сӯ дур андохтаму бо қадамҳои баланд хез зада ба самти «дугона» дартоз шудам.
Э вой, бо чӣ забон гӯям! Модари бечораам дар канори шохаҳои уфтодаи дарахти болобаланди зардолу беҳушу безабон наҷунбида якпаҳлу мезад. Бо шитоб худро ба ӯ расонда, аз зери кифтонаш дошта, каме сарашро бардошта бо тарсу ҳаяҷон сухан ба лаб чидам:
– Очаҷон, чӣ шуд, ба худ оед... 
Аммо аз модарам на садое буду на ҳаракате. Миёнбанди ловдонамро аз камар кушода, лӯла карда, дар зери сараш гузоштам, сари дӯшу танашро кам-кам молидам. Дасту поҳояш каме ҷунбиданд, пилкҳояш ба рӯи чашм боло-поин шуданд. Бо шаст ба сӯйи хона давида, обу дастмолчаеро гирифта, пас баргаштам. Модарам ба худ омад, ду-се қулт об хӯрд, базӯр лаб ҷунбонда гуфт: 
– Писарҷон, натарс... Ман малча (абгор) шудам, тез ба савхоз бар...
Чун дидам кори дигаре аз дастам намеояд, дастмолчаро тар карда ба пешониаш гузоштам ва бо шитоб ба самти хонаи акаи Муродулло давидам. Он кас «Жигули» доштанд ва хонаашон дар фосилаи ду фарсах аз манзили мо воқеъ буд. Дар ёдам ҳаст, он дам чунон бо суръати бод медавидам, ки агар Элиуд Кипчугеи ҳабаш ҳам мебуд, ба ман намерасид!.. 
Модарамро озод бардошта, дар курсии қафои мошин хобонидем ва акаи Муродулло низ он дам ҳунарашро намоиш дод. Масофаи ҳаждаҳкилометрии байни гузари Доничак ва дармонгоҳи савхозро ӯ дар тули даҳ-понздаҳ дақиқа тай кард! Хушбахтона, ҳама духтурон сари кор буданд ва ба хусус, сарпизишки дармонгоҳамон Ҷумъабойи Йӯлдошро дидаму ҳушёр шудам. Бо дили пур худамро бовар кунондам, ки ин табиби ҳозиқ модарамро аз дардҳо наҷот хоҳад дод.
Ҳоли модари ба шиканҷа дучоршудаам хеле нигаронкунанда буд, гоҳе ба худ меомаду гоҳе аз ҳуш мерафт. Вақте духтурони дигар ба маркази ноҳия (то он ҷо 110 км аст!) бурдани ӯро дархост намуданд, Ҷумъабой ҳама масъулиятро бар дӯш гирифт ва сахт гуфт:
– Дигар илоҷи ҷо ба ҷо кардан нест, агар як бори дигар ӯро савору пиёда кунед, ҷонаш меканад, беморро бой медиҳем... 
 Модар он шабу як рӯзи дигар бехуду беҳол дар зери доруҳои оромбахш хоб рафт. Мани дар худ гирифта, дар ҳоле ки дарунамро занбӯрҳо мехӯрданд, ҷойи нишаст намеёфтам. Духтурон ҳар чӣ мефармуданд муҳайё карда, бо тамоми вуҷуд аз Офаридгор офияту тандурустии модари азизамро илтиҷо мекардам. 
Шаби дуюм фаро расид. Бо орзую умеди чашмкушоии модар, дар канори тахти хобаш сари дузону нишаста будам. Ҳарчанд бо ҳар роҳе хобамро гурезонда ҳушёр монданӣ мешудам, хастагию бемадорӣ ба ин имкон намедод ва посе аз шаб гузашту надонистам ки хобам бурдааст. Гӯё дар руъё буд, гармии ҷонбахше ба рӯи пешонӣ ва буногӯшам нишаст, гарчи намехостам ин ҳарорату нафосат қатъ шавад, чашм боз кардам. Рӯ ба рӯям модари азиз аз ҷойи хобаш лабханд мезад, бедор шудани маро дида гуфт:
– Писарам, шикамат сер аст? Рав, ягон чиз хӯр... 
«Эҳ, модарҷон, аҷаб фариштае ҳастӣ ту! Худат ҷон меканӣ, вале намехоҳӣ фарзандат ҷон канад, худат ду рӯзу ду шаб чизе ба даҳон набурдаӣ, аммо намехоҳӣ нури дидаат гурусна бимонад...» 
Ҳамон як дасти озодашро миёни ду кафам гирифта, бо меҳр, бо чашмони пӯшида бӯсидам, бӯйидам ва лаззат бурдам.
 
Юнуси ИМОМНАЗАР,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон,
аз Эҷи шаҳристони Нурато, вилояти Навоӣ, Ӯзбекистон

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив