ДУШАНБЕ. ФОРУМИ TRAVEL HUB «ИТТИҲОД-2024» БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Рӯзҳои 19-20-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо котиботи Шурои ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар Форум намояндагони бахшҳои дахлдор, парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва коршиносони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳанд кард. Форуми мазкур чорум маротиба баргузор гардида, бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Имрӯз TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ба як платформаи калидии ҳамкории байни иштирокчиёни соҳаи сайёҳии ИДМ табдил ёфтааст.
Инчунин, дар Форум иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитский ва дигар шахсони расмӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои созмондиҳандагон, ҳадафи асосии баргузор намудани чорабинӣ афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои аъзои ин Иттиҳод, инчунин табодули таҷриба байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад.
Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар рӯзи аввал дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаи комиссияи АБП ИДМ, мастер-классҳо барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, G2G вохӯриҳо ва вохӯриҳои рӯ ба рӯ (B2B), байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар назар аст.
Дар рӯзи дуюми чорабинӣ ҳайатҳои иштирокдор дар Ҷашни Меҳргон, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мегардад, шаркат менамоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.10.2024 №: 206