ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУҶАНД.  БУНЁДИ 37 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ  БО 900 ҶОЙИ КОР ДАР НУҲ МОҲ

ХУҶАНД.  БУНЁДИ 37 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ  БО 900 ҶОЙИ КОР ДАР НУҲ МОҲ

21 октябр 2024, Душанбе
27
0


 
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад. 
Натиҷаи чораҳои андешидашуда имкон дод, ки  дар нуҳ моҳи соли равон 37 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва 900 ҷойи кор бо ҷалби 53 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шавад. 
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 112,9 миллион сомонӣ афзудааст. Аз ин ба  маблағи 300,8 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот шуд.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ зиёд шуд. Аз тарафи 110 корхонаи хурду калон ба маблағи 634,7 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотиивазкунанда истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди корхонаҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсолкарда 43 адад афзуда, ба 297-то расид.
Дар ин хусус ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, маълумот дод. 


ШАҲРИСТОН.  ОБОДКОРӢ АЗ НОҲИЯ БА ДЕҲАҲО МЕКӮЧАД
Дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати фарогирии хурдсолон ба таълиму тарбия боз як кӯдакистони нав таъсис дода шуд. 

 
Ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, маълумот дод, ки бинои мавҷуда пас аз таъмир ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ мутобиқ гашта, дар марҳалаи аввал дар се гурӯҳ 85 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуд. Дар кӯдакистон шароити зарурӣ фароҳам омада, муассиса дорои ошхона низ мебошад. Ба иттилои масъулон айни замон дар ноҳия ду кӯдакистон фаъолият дошта, сол то сол талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиёд мегардад.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат сокинон маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои хайру савоб сарф намуда истодаанд. Масалан, чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзори деҳоти Бунҷикати ноҳия дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхонаҳои нав бунёд карда, ба истифода супурданд. Ошхонаҳои назди МТМУ №2 ва МТМУ №4  ҳар кадоме ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ  сохта шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.
Саҳми сокинон дар мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳо низ шоистаи ёдоварӣ аст. Ташаббуси аҳолии деҳаҳои Суғдиёну Ободӣ ва саҳмгузории чанд нафаре, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, сабаб шуд, ки 3,7 километр роҳи деҳоти Бунҷикат мумфарш шавад.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият” 


Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив