ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

ХАТЛОН.  МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

22 октябр 2024, Сешанбе
14
0


17-уми октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко, сафири фавқулода ва мухтори Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко ва ҳамроҳони онҳо мулоқот анҷом дод.
Раиси вилоят ташрифи ҳайати Беларусро ба Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии  “Хатлон Инвест” хайрамақдам гуфт.
– Мо бо вилояти Гомели Беларус муносибатҳои эътимодноки тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ монда, алоқаманди густариши ин равобит ҳастем, – иброз дошт раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Дар мулоқот бобати ҳамкориҳо оид ба бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он баёни андеша шуд. Зикр гардид, ки вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи устувор дорад ва дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ садҳо тонна маҳсулот содирот мекунад.
 Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарварони ду давлат нақши хосса доранд. Аз ин ҷост, ки то имрӯз байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ созгор мебошад.
Роҳбари вилояти Гомел Иван Крупко дар навбати худ зикр намуд: “Беларус ва Тоҷикистон барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳои муассир имкониятҳои зиёд доранд, ки онҳоро минбаъд низ бояд дар якҷоягӣ тақвият бахшид”.
Дар идомаи   вохӯрӣ роҳбарияти вилояти Хатлон бо намояндагони вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус якчанд санади ҳамкорӣ имзо намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив