ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказии СААД 

Машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказии СААД 

23 октябр 2024, Чоршанбе
7
0


Аз 11 то 21-уми октябр дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии густариши зудамали минтақаи Осиёи Марказии СААД таҳти унвони «Рубеж-2024» баргузор гардид.
Аз Вазорати мудофиа ба мо иттилоъ доданд, ки дар он зиёда аз 1500 афсару аскари қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмон иштирок намуданд. Дар машқҳо, ҳамчунин, чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан, воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва муҳорибаи радиоэлектронӣ, беш аз 250 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода шуданд.

Мулоқот бо намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф
21-уми октябр вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) ва сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки Вазорат самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар иртибот бо Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда, омода аст, ки ҳамкориҳои худро дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшад.
 
Форуми олимони кишварҳои узви ИДМ 
Дар Душанбе Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ ба кори худ оғоз намуд, ки дар он олимону муҳаққиқони варзида ва роҳбарони муассисаҳои илмии Иттиҳод иштирок менамоянд.
Маркази матбуоти Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ки ҳадафи асосии Форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳод, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди илми фундаменталӣ, инчунин, такмили раванди рақамикунонӣ дар маориф ва илм мебошад.

Марҳалаи нави рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон 
Агентии омор хабар додааст, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудааст.
Ин нишондиҳанда 195,6 ҳазор нафар ё 19 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 941,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи ташкилоти ҷаҳонии туризм ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,3 фоиз зиёд аст.

Оғози давраҳои дарозмуддати омӯзишӣ дар КҲФ
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои кормандони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, сарраёсатҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва мудофиаи гражданӣ давраҳои омӯзишии дарозмуддат роҳандозӣ шудаанд.
Дар рафти дарсҳо кормандони Кумита таҳти роҳбарии мутахассисони варзидаи КВД «Аэрогеодезия Душанбе»  барномаи махсуси «Arc GIS»-ро меомӯзанд. Дар рафти омӯзиш, масъалаҳои марбут ба технологияҳои GIS ва ташкили пойгоҳи маълумот баррасӣ мешаванд. Ҷиҳати такмили донишҳои назариявӣ машғулиятҳои амалӣ низ гузаронда мешаванд, ки дар онҳо коргарон аз рӯйи барномаи омӯхташуда харитаҳо мекашанд.


Иштирокдорони Конфронси байналмилалӣ дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» 
Иштирокдорони Конфронси 9-уми байналмилалӣ оид ба ҳайвоноти кӯҳӣ ба мавзеи Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафар намуданд.
Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мо иттилоъ доданд, ки ҳадафи сафар ба ин мавзеи табиӣ шиносоӣ бо Тоҷикистони баландкӯҳ, фарҳангу оини аҳолии минтақа ва мушоҳидаи ҳайвони нодири морхӯр буд, ки дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Аз ҷониби мутахассисони Мамнуъгоҳ ба меҳмонон оид ба Барномаи ҳифзи морхӯр ва аҳамияти ҳифзи муҳити табиии ҳайвонот маълумот дода шуд. 

Робитаҳои бародаршаҳрии Хуҷанд ва Табрез баррасӣ гардиданд
«Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо шаҳрдори Табрез Яъқуби Ҳушёр мулоқот намуд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  
Зимни дидор ҷонибҳо масъалаҳои робитаҳои бародаршаҳрӣ байни  Хуҷанд ва Табрезро мавриди баррасӣ қарор дода, шахсияти шоир ва орифи бузург Камоли Хуҷандиро, ки оромгоҳаш дар Табрез қарор дорад, ҳалқаи пайванди ин ду шаҳри бостонӣ номиданд.

Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив