ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИРКИ ТОҶИК. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

СИРКИ ТОҶИК. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

23 октябр 2024, Чоршанбе
3
0


Санъати сиркӣ яке аз самтҳои муҳим, ҷолиб ва серпаҳлу буда, муштариёни зиёдеро, аз хурд то бузург, ба худ ҷалб менамояд. Дар он ҳам мусиқӣ, ҳам ҳаракатҳои душвору ҷолиб ва хеле зебо ба ҳам якҷоя шуда, бинандаи худро мусаххару мутаассир мекунад. Махсусан, тамошогари наврас аз он ҷасорат ва далериро меомӯзад. Барои рушди ин ҳунар мутахассисон шабу рӯз кор ва тамрину машқҳоро то рехтани арақи ҷабин иҷро менамоянд.
Алҳол яке аз пешоҳангони ин сулолаи шинохтаи сирки тоҷик директори Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода мебошад. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Б. Раҳматуллозода ҳамчун мутахассиси варзидаву соҳибтаҷриба ба тамоми фестивалу озмунҳои байналмилаливу минтақавӣ ба ҳайси ҳакам даъват мешавад ва дар баррасиву баҳогузории ҳунари ҳамкасбонаш ширкат мекунад. Бо ӯ дар бораи дирӯз ва имрӯзи сирки тоҷик, бахусус марҳалаҳои тайнамуда, дастовардҳои солҳои охир суҳбат намудем. 
– Ҳунари сирк барои аҳли оилаи мо азизу муътабар аст, зеро дар саҳнаи он ҳанӯз аз соли 1985 бародарам Сафиаллоҳ Иззатуллоев ҳунарнамоӣ мекунад. Пасон, соли 1992 банда фаъолияти хешро дар Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз намудам. Имрӯз фарзандони мо ҳам барнома таҳия мекунанду дар тарбияи шогирдон саҳм мегиранд.
Ба таърих, агар нигарем, ҳанӯз дар замони шуравӣ, бахусус солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, шуҳрати сирки тоҷик ба авҷи аъло расида буд. Он яке аз беҳтарин сиркҳо миёни ҷумҳуриҳои шуравӣ маҳсуб мешуд. Ҳунари сиркиро он замон ҳунарпешагони шинохтаву варзида Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Пирназар Юсуфов, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Тағоймурод Давлатов, ҳунарпешагони болаёқату соҳибтаҷриба Назринисо Алиева, Ҷамолиддин Садриддинзода, Абдуҷаббор Турдиев ва дигарон ривоҷу равнақ дода, боиси шуҳратёр гардидани сирки тоҷик шудаанд.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бисёр ҳунармандон саҳнаи сиркро тарк намуданд. Шуҳрати пешин аз даст рафт. Дар чунин вазъи баамаломада масоили муҳимтаре аз ҳунару фарҳанг буд. То ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар ва пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, фаъолияти сирки тоҷик чун дигар муассисаҳои фарҳангӣ ба таъхир афтод. Танҳо соли 2001 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сирки давлатии Тоҷикистон” марҳалаи нав барои рушд фаро расид. Ҳунарпешагони камшумори сирк ҷиҳати дубора эҳё намудани ин ҳунар камари ҳиммат бастанд. Дар қарори мазкур вазъу ҳолати сирк баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд. Барои мутахассисони соҳа қарори мазкур руҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро барои таҳияи барномаҳои нав раҳнамун сохт. Ҳамзамон, 2-юми ноябри соли 2012 қарори Ҳукумат дар бораи “Барномаи рушди санъати сиркӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017” тасдиқ шуд. Дар доираи ин қарор бинои сирк тармим, толори тамошо ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, бо шароити муосири техникӣ муҷаҳҳаз ва ҷойи нишасти бароҳат барои бинандагон таъмин гардид. Ҳамзамон, ҷойи нигаҳдории ҳайвонҳо таъмир шуд. Акнун тамоми нерую ғайрат барои ҷалби тамошогар ба сирк равона гашта буд. Рӯз ба рӯз ҳаводорони ин ҳунар меафзоянд. Марҳала ба марҳала сирк тамоми мушкилиҳои мавҷударо  паси сар намуд. 
Солҳои охир сирки тоҷик ба як қатор дастовардҳои назаррас муваффақ гардид. Бахусус, соли 2023 дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия, дар Фестивали кӯдакон ва наврасон Ёсуман Назарова иштирок ва миёни намояндагони 14 давлати ҷаҳон ҷойи дуюмро гирифт. Чунин муваффақиятро ҳунармандони сирк дар Қазоқистон, Фаронса, Испания, Россия, Қазоқистон сазовор гардидаанд.
Бояд зикр кард, ки сирки тоҷик бо бисёр давлатҳои ИДМ ҳамкорӣ дорад. Ҳамзамон, ҳунармандони мо дар хориҷи дур низ ҳунарнамоӣ мекунанд. Алҳол дар Олмон як ҳунарманд ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 човандоз такмили ҳунар менамоянд. Чанд сол қабл гурӯҳи торбозони тоҷик қариб як сол бо сафари ҳунарӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср қарор дошт. Соли 2023 ин гурӯҳро Сирки Ҷумҳурии Покистон ба сафари ҳунарӣ даъват намуд. Соли гузашта Муҳаммад Шарифзода, ҳамчун мутахассиси соҳаи эквилибристика ба муддати 6 моҳ дар Олмон бо сафари ҳунарӣ қарор дошт. Имсол ӯро ба муддати се моҳ  ба шаҳрҳои дигари ин давлат ба сафари ҳунарӣ даъват намуданд. 
Ҳамчунин, бо мақсади сайқали ҳунару маҳорати ҳунармандон чанд сол қабл 12 довталаб аз рӯи 8 жанр – эквелибристика, акробатика, жонглёрӣ ва чашмбандӣ дар Омӯзишгоҳи давлатии санъати сирк ва эстрадаи ба номи Румянсеви шаҳри Москва таҳсил намуданд. 
Мақсади роҳбарияти сирк ҳарчи бештар намудани на танҳо барномаҳои нав, балки муаррифии ҳаракатҳои хусусияти миллидошта, рукнҳои либоси миллӣ, оҳангу мусиқии миллист. Дар замони ҷаҳонишавӣ харидор ва ҳаводори ҳунари хусусияти миллидошта зиёд мегардад. 
Дастовардҳои сирки тоҷик зиёданд, роҳбарият ва ҳунармандон мекӯшанд, ки ҳар рӯзу ҳар соат барномаҳои ҷолиб таҳия намоянд. 

Зуҳра САФАРЗОДА,
журналист

Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив