ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. "ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ"

ИСТАРАВШАН. "ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ"

24 октябр 2024, Панҷшанбе
42
0

   

Авҷи созандагию бунёдкорӣ дар саросари кишвар нишон аз суботи комилест, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст омад. Истаравшани бостонӣ дар радифи дигар шаҳру навоҳии кишвар ободтару зеботар мегардад. Аз файзи истиқлол кӯдакистону мактабҳои нав қомат меафрозанду корхонаҳои саноатӣ бунёд мешаванд ва роҳҳо обод.  

 

Барои шоиста пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми сарбаланди шаҳр баҳри ободкорӣ камари ҳиммат баста, бунёду таъмир ва навсозии 990 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки, аллакай, 553-тои он ба истифода супурда шудааст. Баҳри пешбурди фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, ки он аз 180 лоиҳаи афзалиятнок иборат  мебошад.
Тавре раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода иброз дошт, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифта тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирандешиҳо дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 153 сомонӣ расид. Ҳоло дар шаҳр 96 корхонаи калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мебарад ва барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мунтазам чораҷӯӣ мешавад.
МИМҲД-и шаҳр барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ тадбирандешӣ менамояд. Дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи сокинони шаҳр рушди соҳаҳо таъмин шуда, нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 116,9 дарсад таъмин гардид. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 283 миллиону 788,5 ҳазор сомониро ташкил кард.

Истаравшани бостонӣ шаҳри ҳунармандон буда, ҳамасола ба ин ҷо шумораи зиёди сайёҳон ташриф меоранд. Бо назардошти ин ва бо мақсади татбиқи барномаҳои соҳавии ҳунармандӣ дар шаҳр корбарӣ идома дорад. Самти ҳунармандӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Истаравшан таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Ин куҳаншаҳр тули мавҷудияташ номашро чандин маротиба иваз карда бошад ҳам, мардумаш ҳамоно косибони асиланд. Ҳоло дар шаҳр зиёда аз 160 навъи ҳунар мавҷуд буда, ҳунармандон фаъолияти назаррас доранд. Баъзе намуди ҳунарҳо, ки қариб дар тамоми ҷаҳон аз байн рафтаанд, ҳанӯз ҳам дар Истаравшан ҳифз шудаанд. Яке аз чунин ҳунарҳо оҳангарӣ буда, бо корду ханҷар ва шамшерсозӣ номи Истаравшанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Соҳибҳунарон, инчунин, пайвандони онҳо дар маҳаллаҳои алоҳида зиндагӣ ва фаъолият доранд. Номҳои гузарҳои Заргарон, Олкорон, Кулолон, Чармгарӣ, Кемухтагарӣ, Дегрезӣ, Хосабофон, Читгарон, Мехчагарон, Сорбон, Осиётарошон, Қассобӣ, Бузкашон, Шонатарошон ва деҳаву маҳалҳои Қӯрагарон (Равғангарон), Обҷувози Қоғаз, Чорбоғ, Дорутар ва ғайра аз рӯи ҳунарҳои сокинонашон махсус номгузорӣ шудаанд, ки бо гузаштаи дури таъриху фарҳанги волои шаҳри бостонӣ мепайванданд. Маҳсули дастии ҳунармандони шаҳр аз қадимулайём харидорони зиёде дошт.

 
Яке аз рӯйдодҳои муҳими имсол он аст, ки 1-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи баргузории Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ “Озар”, Истаравшан расман шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ эълон гардид. Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз 1000 меҳмон дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан баргузор шуд, президенти Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ Саад ал-Қаддумӣ сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан супурд. Ҳамчунин, Истаравшан ба узвияти ин Шуро пазируфта шуд, ки боиси ифтихор аст. Дар Фестивал 250 ҳунарманд аз 19 давлат ширкат варзид.

  
Сокинони шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.


Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият” 

 

Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив