ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНИ ПИРӮЗИИ ФАРИДУН БАР ЗАҲҲОКИ МОРОН

ҶАШНИ ПИРӮЗИИ ФАРИДУН БАР ЗАҲҲОКИ МОРОН

24 октябр 2024, Панҷшанбе
6
0


(мулоҳизоте дар ҳошияи Меҳргон)
Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ Ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Дар зимн, номи Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Бар илова, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари  Абурайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.339). Бинобар ин, бо Ялдо мутобиқ мешавад, ки ҷашни мелодии Меҳр аст (ниг.: Шамисо Сирус. Крисмас ва шаби Чилла. //Кайҳони фарҳангӣ, шуморати 9, Озари 1368. –С.32). Чун дар ин матлаби маҳдуди ҷашнӣ маҷоли тавзеҳи мушаххасоти Эзади Меҳр ва нуфузи он дар паҳнои фарҳанги бумию минтақавӣ ва башариро надорем, ногузир ба масъалаи Ҷашни Меҳргон мепародозем.
Муҳаққиқони муосир дар робита бо Ҷашни Меҳргон таъкид кардаанд, ки дар рӯзшумории куҳани Эрон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Эрони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). –Теҳрон, 1376. –С.79).  Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ маҳал, макон, мушаххасот ва густураи Ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст. 
Ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ (мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада) ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ (фалакӣ), кишоварзӣ ва фарҳангӣ дорад. Аз сӯйи дигар, таҷлили Ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Беваросп (Заҳҳок) иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии ойинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар “Ат-Тафҳим” нигоштааст: “Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси  Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Ат-Тафҳим-ал-авоил саноат-ут-танҷим. Тасҳеҳи устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ. – Теҳрон. 1357. – С.254). Бар илова, ба қиёми Коваи оҳангар, пирӯзии ӯ бар Заҳҳоки морон ва ба шоҳӣ расидани Фаридун нисбат гирифтани Ҷашни Меҳргон аз мушаххасоти муҳими ин ҷашни аҷдодӣ ба шумор меравад. Бар ин асос, ин Ҷашн бештар достон ва устураи қиёми Коваи оҳангар дар баробари бедодгариҳои Заҳҳокро таҷассум мекунад, ки ёдмони ин Ҷашни намодин мебошад. Асотир ва боварҳои қадимаи миллӣ Заҳҳок (шакли қадимиаш “Ажидаҳҳок”)-ро алайҳи рӯшанӣ ва барподорандаи торикӣ эълом доштаанд. Заҳҳок балъандаи Хуршед аст ва дар миёни омма то имрӯз расме роиҷ аст, ки ҳангоми кусуф ё гирифтани Офтоб мардум таблу ташт мезананд, то Заҳҳок Хуршедро раҳо кунад (ниг.: Шамисо Сирус. Тарҳи аслии достони Рустам ва Исфандиёр. Дар перомуни Рустам ва Исфандиёр. – Теҳрон, 1369. – С.23). Пас, шигифт нест, ки рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок «Меҳргон» номида шудааст (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. – Теҳрон: Амири Кабир, 1362. – С.340). Гузашта аз ин, бовар ва эътиқод ба Эзади Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митройӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинду Эрон вуҷуд дошта, ба моҳи Меҳр ва Ҷашни Меҳргон симои динии бештаре афзудааст (ниг.: Руҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои  куҳан  дар  Эрони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). – Теҳрон, 1376. –С.86). 
Меҳргон ба унвони ҷашни фарогиру муассири миллӣ дар осори бузургони адабу фарҳанги миллӣ, аз ҷумла Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ, хеле хуб бозтоб ёфтааст. Масалан, Дақиқӣ гуфтааст:
Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,
Он куҷо Гов беҳ парвардаш Бармоюно.
Ба дунболи ин, Ҳаким Фирдавсӣ дар достони “Фаридун” ҳудуди даҳ байтро ба таъсиси Ҷашни Меҳргон, иллати зуҳур ва маросими он ихтисос додааст. Ба ин абёт таваҷҷуҳ мекунем: 
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёникулоҳ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойин яке ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Майи рӯшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон нав зи доду сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоию хӯрдан ойини ӯст.
Агар ёдгор аст аз ӯ моҳмеҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома.  – Ҷилди аввал. – Теҳрон: Корвон, 1387. -С.87-88)
Ҳамчунин, дар бахши “Банд кардани Фаридун Заҳҳокро”, ки ба достони Заҳҳок марбут аст, Фирдавсӣ аз мушаххасоти кори Фаридун сухан дар миён оварда, тарҳи масъалаи азнавсозмондиҳӣ, низоммандии давлатӣ ва ташаккули табақоти иҷтимоӣ, танзими касбу кор ва ҳирфаю пешаро, ки дар ҳазораи Ҷамшед иттифоқ афтода буду дар ҳазораи Заҳҳок ба ҳукми фаромӯшӣ супурда  шуд,  бозгӯ мекунад. 
Ҳакими Тӯс ба таври мушаххас дар ҳаҷми 12 байт (абёти 436-447) пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва танзими зиндагии наву ҷадидро ба риштаи тасвир мекашад, аз ҷумла:
Бифармуд кардан ба дар бар хурӯш,
Ки ҳар кас, ки доред бедор ҳуш.
Набояд, ки бошед бо сози ҷанг,
На з-ин гуна ҷӯяд, касе ному нанг.
Сипоҳӣ набояд, ки бо пешавар,
 Ба як рӯй ҷӯянд ҳар ду ҳунар.
Яке корварзу яке гурздор,
Сазовори ҳар кас падид аст кор.
Чу ин кори он ҷӯяд, он кори ин,
Пурошӯб гардад саросар замин.
Ба банд андар аст он ки нопок буд,
Ҷаҳонро зи кирдори ӯ бок буд.
Шумо дер монеду хуррам бувед,
Ба ромиш сӯйи варзиши худ шавед.
Шуниданд яксар суханҳои шоҳ,
Аз он марди парҳези бодастгоҳ.
В-аз он пас ҳама номдорони шаҳр,
Касе, к-аш буд аз тоҷ в-аз ганҷ баҳр.
Бирафтанд бо ромишу хоста,
Ҳама дил ба фармонаш ороста.
Фаридуни фарзона бинвохташон,
Бар андоза бар пойгаҳ сохташон.
Ҳаме пандашон доду кард офарин,
Ҳаме ёд кард аз Ҷаҳонофарин.
(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Матни интиқодӣ аз рӯйи чопи Маскав. Таҳти назари Е.Э.Бертелс. Ба кӯшиш ва зери назари Саиди Ҳамидиён.  – Теҳрон: Қатра, 1373. – С.76)
Ба ин маъно, Меҳргон рӯзи Фаридун аст, чунонки Наврӯз рӯзи Ҷамшед талаққӣ шудааст. Пас, Фаридун зиндакунандаи ойини куҳани Ҷамшедӣ аст ва табиист, ки Хуршедкирдор мебошад (ниг.:Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ (Мутолиае дар таърихи адаби деринаи эронӣ аз Зардушт то Ашкониён). – Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. – С.24).
Асадии Тӯсӣ, ки суннати шоҳноманависиро пас аз Фирдавсӣ идома бахшидааст, дар интисоби ин Ҷашн ба Фаридун мегӯяд:
Фаридуни фаррух ба гурди набард,
Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.
Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз 
хуша меҳр,
Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.
Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,
Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ 
барфарохт.
(ниг.: Асадӣ, Тӯсӣ. Гаршосбнома. Ба эҳтимоми Ҳабиби Яғмоӣ. – Теҳрон: Китобхонаи Туҳурӣ, 1352. – С.366).
Дар фарҳанги эронитаборон пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок, ки балъандаи Хуршед ва бавуҷудоварандаи зулмату торикӣ шинохта мешавад, пирӯзии хираду дод бар ҷаҳолату бедодист. Ин аст, ки бар он пофишорию таъкид мегардад:
Балъандаи Хуршед, ки худ 
расми Заҳҳок аст, 
Бо дасти Фаридун ҳама торикӣ 
ҳалок аст,
То қудрати ақлу хиради 
Коваи пок аст,
Аз зулмату бедодии 
Заҳҳок чӣ бок аст?!                      
Дар бораи таҷлили Ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросимоти меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоиру нависандагон изҳори назар кардаанд. Ҷиддитарин нукотро дар заминаи Ҷашни Меҳргон ва мушаххасоти таҷлили маросимоти меҳргонӣ фарҳангшиноси шаҳири асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ баён доштааст: Ба таъкидоти Берунӣ диққат медиҳем: “Ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати Офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре барпо мешуд…” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. – Теҳрон: Амири Кабир, 1362. – С.247). Пойинтар дар мавриди суннат ва шеваи тақдимоти ҳадоёи меҳргонӣ дар дарбори мулуки Хуросон менависад: “Ва дар мулуки Хуросон расм аст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиён ва артишиён рахти пойизӣ ва зимистонӣ медиҳанд…” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. – Теҳрон: Амири Кабир, 1362. – С.249).
Доир ба Ҷашни Меҳргон дар замони Ғазнавиён иттилооти бештаре дар даст аст. Ашъори шоирони даврони Ғазнавӣ Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон гувоҳи онанд, ки Ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардидааст. Муаррихи машҳури замони Ғазнавӣ Абулфазли Байҳақӣ тартиби Ҷашни Меҳргон ва ороишоту тадорукоти меҳргониро, ки бо ҳузури Султон Масъуди Ғазнавӣ солҳои 428, 429 ва 430 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода буд, ба қалам дода, аз ҷумла дар ин бобат нигоштааст: “…Ва рӯзи чаҳоршанбеи нуҳуми зулҳиҷҷа ба Ҷашни Меҳргон бинишаст ва ҳадяҳои бисёр оварданд” (ниг.: Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ. – Теҳрон, 1344. – С.697).
Аз он ҷо, ки Меҳргон ба ҳусни зиндагии рӯзмарраи мардумӣ ҳусни дигар афзудааст, тули таърих мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоиро маҷзуб намудааст. Рози ҷазбаи ҷашнӣ ва маросимии Меҳргон дар хамираи ҳувиятии он, ки бо мушаххасоти маҳосини ахлокию отифии меҳр, муҳаббат, илтифот, самимият, хирад, фазилат, садоқат, шарофат, мурувват, саховат ва мунтаҳо, инсоният омезиш ёфтааст, ниҳон аст. Агарчи Наврӯз бо муҳтавои ботинию зоҳириаш ҷуғрофиёи бузургтареро мусаххар карда буд, Меҳргон аз он монданӣ надошт ва дар фазою муҳитҳои гуногун таҷлил гардида, роҳро барои тавсеа додани ҷуғрофиё ҳамвор мекард. Кор то ба ҳадде расида будааст, ки замоне ҳар ду моҳ – меҳрмоҳ ва фарвардинмоҳро, ки ба тартиб оғози эътидоли пойизӣ ва баҳорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробарии рӯзу шаб иттифоқ меафтад, ба унвони соли нав ҷашн мегирифтанд. Афзун бар ин, бархе Ҷашни Меҳргонро бар Ҷашни Наврӯз бартарӣ додаанд ва ин нуктаро ба нашри ҳашарот дар фасли баҳор, ки боиси коҳиши зироат мегардидааст, марбут донистаанд (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. – Теҳрон: Амири Кабир, 1362. – С.329). 
Ба гумони ғолиб, Меҳргон, на ба хотири он ки номи моҳ ба рӯзи моҳ баробар мешудааст, мавриди таҷлил қарор мегирифтааст, балки ба ифтихори шарофату волоияти зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардидааст. Ба ин маъно, Меҳргон эҳсоси зиндагипарастии инсон ва дар маҷмуъ, мардумро ифода мекунад. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи зотӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад. Ин навъи биниши арзишманди миллӣ ва мардумиро дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот – анор, себ, ангур, гандум, лӯбиё, наск ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар силсилаи дастархони ҷашнӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз символикаи ойина муҳим аст. Ойина намоди покию рӯшанӣ, фурӯғу биноӣ ва шукӯҳу тавоноии инсонист. Бо густурдани хони меҳргонӣ инсон ҳосили меҳнату заҳмати солонаашро, ки айёми пойиз ва ё тирамоҳ ҷамъбаст мешавад, ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, Меҳргон бо меҳнат ва саъю талоши фикрию ҷисмонии инсон тавъам аст.     
Пешина ва собиқаи устурӣ ва таърихии Ҷашни Меҳргон ифодагари он аст, ки мардуми форсу тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ, тааллуқоти нажодию миллӣ ва динию имонӣ ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама, иттиҳоду ҳамбастагии инсонҳоро мехостаанд. Вежагии фарогирии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, раванди баҳамойӣ ва ҳамшарикии мардумиро дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Маҳз ҳамин вежагӣ аз бомдоди таърихи зуҳури ҷашнҳои миллӣ то имрӯз дар бистари ойину маросимоти бумӣ ҳамчунон боқист. 

Нозим НУРЗОДА,
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив