ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

24 октябр 2024, Панҷшанбе
0
0


33 голи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи тими Гуам
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии мутахассиси итолиёӣ Марко Раҷини дар даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар Сингапур тими Гуамро бо ҳисоби 33:0 шикаст дод. 
Ин бозии гурӯҳи «J» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистону Гуам 23-юми октябр доир гашт. Футболбозони навраси тоҷик дар нимаи аввали дидор 17 гол ва дар нимаи дуюм 16 гол заданд. Аз ҳайати дастаи мо ҳамлагари дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Муҳаммад Назриев ба дарвозаи мунтахаби Гуам чаҳордаҳ гол зад. 
Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби наврасони то 17-солаи Умон бар Сингапур бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд.
Футболбозони навраси тоҷик дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 боз бо тимҳои Сингапур (25-уми октябр) ва Умон (27-уми октябр) рақобат мекунанд. 
Бар асоси натиҷагирии ин марҳала ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ, ки аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳхат мегиранд.


“Истиқлол” ва “Равшан” бозиҳои  сеюмашонро дар Лигаи чемпионҳои Осиё доир намуданд
Дастаҳои Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар бозиҳои сеюмашон дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд: “Истиқлол” аз “Ал-Ваҳдат”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1, “Равшан” аз “Трактор”-и Эрон бо ҳисоби 1:3.
Дар даври навбатӣ дар сафар 5-уми ноябр “Истиқлол” бо “Ал-Ваҳдат”, 6-уми ноябр “Равшан” бо “Трактор” вомехӯранд.


БОКС
Чемпионати Тоҷикистон оғоз гардид
Имрӯз, 24-уми октябр дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон оғоз ёфт, ки то 27-уми октябр идома меёбад.
Дар Чемпионат беҳтарин варзишгарони кишвар – ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 Давлат Болтаев, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон-2023 Баҳодур Усмонов, ҷоизадори Бозиҳои Осиё-2022 Миҷгона Самадова ва дигарон ширкат хоҳанд кард. 


ГӮШТӢ
Муваффақияти Рассадин дар мусобиқа  ба хотираи Коркин
Иштирокдори Олимпиадаи Париж Виктор Рассадин дар мусобиқа ба хотираи Мураббии хизматнишондодаи ИҶШС Дмитрий Коркин, ки бо иштироки 190 варзишгар аз 13 давлат дар Якутияи Россия доир гашт, рекорд гузошт. Ӯ бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқа шуда, 200 ҳазор рубли русӣ мукофот гирифт.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив