ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Баррасии рафти татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузорӣ 

Баррасии рафти татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузорӣ 

29 октябр 2024, Сешанбе
16
0


Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, ки дар шаҳри Вашингтон аз 21 то 26-уми октябр баргузор шуд, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакава мулоқот намуд.
Тавре ба мо аз Вазорати молия хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон мубодилаи афкор карданд.


Нишасти навбатии Платформаи шарикии Тоҷикистон – САҲА
Дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Платформаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва САҲА барпо гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли он Кейт Фирон роҳбарӣ намуданд. Ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар Тоҷикистон дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.


Тақвияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия 
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои дохилии Россия Андрей Храпов вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳар ду давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар суҳбат намуданд.


Баррасии ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Ҷопон 
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо директори Барномаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон Имаи Сейҷу ва намояндагони Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мулоқот дошт.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба шартҳои интихоб шудан ҳамчун волонтёр, раванди дархост намудани волонтёрон аз ҷониби кишвари дархосткунанда, инчунин, вобаста ба раванди фаъолияти онҳо дар муассисаҳои ҷумҳурӣ табодули афкор сурат гирифт.  


Зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 
Тибқи иттилои Агентии омор, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11,4 дарсадро ташкил дод.
Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 52 миллиарду 280,5 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи рустанипарварӣ 39 миллиарду 177 миллион сомонӣ ё 11,9 фоиз ва дар чорводорӣ 13 миллиарду 103,5 миллион сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд аст.


Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия 
Дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ба кори худ оғоз намуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  дар Форум вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, сармоягузорон, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.


Мулоқоти Акрам Каримӣ бо доктор Ҳала ат-Тувайҷирӣ 
27-уми октябр сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони ин кишвар доктор Ҳала ат-Тувайҷирӣ мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон табодули афкор намуданд. Мусоҳибон, инчунин, масъалаҳои мавриди  таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.


Татбиқи лоиҳаи АСИКУДА дар мақомоти гумрук 
Масъалаҳои марбут ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи АСИКУДА дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратии Хадамоти гумрук баррасӣ шуданд. 
Хадамот иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа ҳамоҳангсози лоиҳа Григорий Варанит дар мавзуи «Ҷараёни амалисозии лоиҳа дар мақомоти гумруки Тоҷикистон» ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба низоми  АСИКУДА имкон медиҳад, ки дар сатҳи миллӣ низоми пурраи электронии танзими соҳа ҷорӣ гардад. 

Санаи нашр: 29.10.2024 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив