ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИВУ МАШВАРАТӢ ДОИР ГАРДИД

ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИВУ МАШВАРАТӢ ДОИР ГАРДИД

31 октябр 2024, Панҷшанбе
26
0


Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, тоҷирон ва масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук ширкат варзиданд. 
Тавре аз Маркази матбуоти хадамот иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳои марбут ба рафти амалисозии лоиҳаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рамзгузории электронӣ ва фаъолияти оператори пайгирикунандаи гардиши молҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ва раиси Шуро иброз дошт, ки Шурои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Мақсади он, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии мамлакат маҳсуб меёбад.
Григорий Варанит, ҳамоҳангсози лоиҳаи АСИКУДА, иброз дошт, ки низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба таври озмоишӣ дар 15 гузаргоҳ ва дидбонгоҳи гумрукӣ мавриди истифода дода шуд.
Роҳандозии озмоишии низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукӣ баҳри сода гардондани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба системаи АСИКУДА имкон медиҳанд, ки дар сатҳи миллӣ системаи пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардида, таҷрибаи муосир ва пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда шаванд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.10.2024 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив