КӮЛОБ. ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ КОҲИШ ЁФТААСТ
Наврӯз Кишваров, сардори шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, иттилоъ дод, ки ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти барқӣ саъю талош доранд, то ин ки дар фасли сармо сокинони шаҳр бо барқи хушсифат таъмин гарданд.
Н. Кишваров иброз дошт, ки дар нуҳ моҳи соли равон 12 пояи оҳану бетонӣ, бештар аз 30 трансформатори қуввагии иқтидорашон 6-10\0,4 кВ таъмир, инчунин, 44 ҷудокунаки корношоям ва ба дарозии 3,4 км дар хатҳои ҳавоии барқӣ ноқилҳои шиддатнокиашон баланд иваз карда шуданд. Ба иттилои масъулон, оид ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ ба сокинон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ҳамзамон, Фаридун Раҳматуллоев, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки нишондодҳо дар самти фурӯши барқ нисбат ба соли қаблӣ беҳтар буда, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ бештар гардида, талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст. Дар нуҳ моҳи соли равон 40 миллиону 352 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 3 миллиону 808 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Талафоти неруи барқ ба ҳолати 1-уми октябри соли равон ба 31,5 дарсад баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 дарсад пойин рафтааст.
Суннати СОДИҚ,
“Ҷумҳурият”