ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

01 ноябр 2024, Ҷумъа
15
0


Раисе, ки се шаҳрвандро фиреб дод, ба курсии айбдорӣ нишаст
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ирсоли парвандаи ҷиноятие ба суд хабар дод, ки дар он раиси хоҷагии деҳқонии “30-солагии Истиқлолият-2019”-и шаҳри Турсунзода Нозимҷон Атаҷонов ба қаллобӣ айбдор мешавад.
Тибқи иттилои маркази мабуоти Агентӣ, Н. Атаҷонов аз моҳи декабри соли 2021 то январи соли 2024 дар чанд маврид бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонӣ ва манзили истиқоматӣ аз шаҳрвандон С.И.Р. 16200 доллари ИМА, К.А.С. 180 000 сомонӣ ва К.А.А. 21000 доллари ИМА гирифта, бо ин кирдорҳои худ ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
Ин кирдори номбурда бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноятӣ бандубаст гардида, ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суди шаҳри Турсунзода қарор дорад.


Соҳибкори ғайриқонунӣ ба даст афтод

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини шаҳри Истаравшан (марди 43-сола)-ро бо гумони соҳибкори ғайриқонунӣ дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, гумонбаршаванда, бидуни бақайдгирии давлатӣ ё иҷозатномаи махсус ба соҳибкории ғайриқонунӣ даст зада, 25-уми сентябри соли 2024, дар ҳаҷми калон қуми сафед истихроҷ ва онро ба мизоҷон фурӯхтааст. Гузашта аз ин, боздоштшуда андозҳои ҷориро ба маблағи 487 ҳазору 800 сомонӣ насупурда, ба буҷети давлат зарари калони молиявӣ расондааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 259, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (соҳибкории ғайриқонунӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. 


Авбошӣ ҳаёти як мансабдорро доғдор кард
 
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ки маркази матбуоти ВКД аз ӯ марди 46-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ боздошт шудааст.
Дастгиршуда 25-уми октябри соли 2024 бо ронандаи ҳамин Ҷамоат муноқиша карда, бо истифода аз ашёи оҳанин ӯро латукӯб намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, алайҳи муовини раиси Ҷамоати деҳот бо дастрасии моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (авбошӣ бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳафт солро пешбинӣ мекунад. 

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив