БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ҚАСРИ АС-САЛОМ ДАР ШАҲРИ АЛ-КУВАЙТ
4-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки дар минтақаи Шувайхи шаҳри ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуданд.
Ба меҳмони олимақом дар хусуси таърихи бунёди ин иншооти фарҳангиву таърихӣ, ки сохтмонаш соли 1960 ҳамчун қароргоҳи амир дар замони ҳукмронии собиқ амири Кувайт, марҳум Шайх Абдулло Ас-Салом Ас-Сабоҳ шуруъ гардида буд, иттилоъ доданд. Аммо, чанде пас дар соли 1961, баъд аз эълон шудани соҳибистиқлолии кишвар, бинобар зарурати бунёди қароргоҳи пазироии меҳмони расмии сатҳи олӣ ва баланд, ба ангораи сохтмони қаср тағйирот ворид гардиданд.
Соли 2019 баъд аз ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ва тармимӣ дар Қаср осорхонаи таърихиву фарҳангӣ ҷойгир карда шуд, ки бозгӯйи марҳалаҳои замонии гуногуни таърихи 300-солаи Кувайт буда, дар он маҷмуи нодири осорҳои таърихӣ ва нигораҳои мероси фарҳанги миллӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Осорхона бо технологияҳои муосири намоиш муҷаҳҳаз мебошад, ки имкони муаррифии таърихи Кувайтро ба таври навоварона медиҳанд.
Дар фарҷоми боздид аз Осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таманниёти шукуфоии бештари кишвари дӯст ва таҳкими муносибатҳои неки ду давлат, дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.
НАШРИ МУСОҲИБА БО МУДИРИ КУЛЛИ АГЕНТИИ ИТТИЛООТИИ КУВАЙТ ДАР РАСОНАҲОИ КУВАЙТӢ ВА МИНТАҚА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари худ ба Кувайт ва иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” бо мудири кулли Агентии иттилоотии Кувайт доктор Фотима ас-Солим мусоҳиба доир карданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо рӯзноманигори кувайтӣ Роҳбари давлати мо оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, ҳамкории ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба таври муфассал изҳори ақида намуданд.
Зимнан, зикр гардид, ки соли оянда аз истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар 30 сол пур мешавад ва изҳори итминон шуд, ки ҷонибҳо ин санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои ду кишварро бо дастовардҳои навин дар тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳояшон таҷлил хоҳанд кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба аз раванди ҷории тавсеаи шарикии ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд. Дар робита ба ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд гардидааст, ки Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” намунаи равшани чунин ҳамкории ду давлат мебошад.
Дар мусоҳиба, ҳамчунин, масъалаҳои рӯзмарраи обу иқлим мавриди назар қарор гирифтанд. Пешвои миллат оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ва мавқеи пешоҳангии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ дар ин самт ба таври муфассал ибрози ақида намуданд.
Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ва иштирокашон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм, ҳамчунин, дигар чорабиниҳое, ки зимни сафар сурат гирифтанд, аз ҷумла намоиши имкониятҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, муаррифии нашри китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров бо забони арабӣ дар расонаҳои Кувайт ва дигар кишварҳои минтақа васеъ инъикос ёфтанд.