ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕҲАҲО ҲУСНИ ШАҲРАК МЕГИРАНД 

ДЕҲАҲО ҲУСНИ ШАҲРАК МЕГИРАНД 

05 ноябр 2024, Сешанбе
38
0

  

Дар деҳоти ноҳияи Айнӣ пиру ҷавон барои дар сатҳи зарурӣ ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Бо ташаббуси раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ва азму талоши мардуми деҳот, дар дурдасттарин деҳаҳо инфрасохтори маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ ва варзиш бунёду барқарор ва роҳҳо таҷдиду таъмир шуда истодаанд.


Аз ҷумла, дар деҳаи Ҳайронбеди деҳоти Фондарё маҷмааи варзиш бо тарҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки иншооти ҷашниро соҳибкорон ва сокинони деҳа бо қувваю маблағгузории худӣ бунёд кардаанд. Дар вазъияти тантанавӣ ба наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзиш маҷмуи лавозимоти варзишӣ супурда шуд. Изҳори бовар гашт, ки дар оянда онҳо ба варзиш пайваста машғул гардида, руҳану ҷисман солим ба камол мерасанд. Дар маҷмааи варзишии навбунёд барои бозии футбол, баскетбол, теннис ва волейбол шароит фароҳам аст. 
Инчунин, дар деҳаи Ҳайронбед бо иқдоми соҳибкорон ва дастгирии аҳолӣ ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида истодааст. Майдони зери сохтмони ҳавз 160 метри мураббаъ буда, 22 метр дарозӣ ва 8 метр паҳноӣ дорад. Мувофиқи лоиҳа, дар  ин ҷо мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос ва дафтарҳои кории маъмурият сохта мешаванд. Барои корҳои сохтмонӣ беш аз 500 000 сомонӣ сарф хоҳад шуд.
Чуноне аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”, иттилоъ доданд, дар деҳаи Айнии деҳоти Айнии ноҳия низ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ маҷмааи хизматрасонии “Ораш” бо тарҳу намои зебову замонавӣ ифтитоҳ ёфта, минбаъд барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд. Иншооти ҷашнӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд  барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон пешбинӣ шудааст. Дар маросими кушодашваии маҷмааи хизматрасонии “Ораш” барои 60 кӯдаки ятим ва оилаҳои ниёзманд дастархони идона ороста шуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо туҳфа ва либосҳои зимистона тақдим шуд. Нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда, кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. 

 
Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, воқеъ дар мавзеи Ваҳдатободи деҳоти Айнӣ бомаром ҷараён дорад. Муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияи Айнӣ барои 264 хонанда дар як баст бо тарҳи зебо қомат афрохта, корҳои сохтмониро ҶДММ “Анас муосир” ба зимма дорад. Муассисаи замонавӣ дар партави ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарогирии тамоми шароити таълиму тарбия сохта мешавад.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.11.2024 №: 219-220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив