ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУРДУ БОХТИ СОҲА

САНОАТ.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУРДУ БОХТИ СОҲА

06 апрел 2023, Панҷшанбе
145
0

  

Саноатчиёни ҷумҳурӣ бобати амалисозии ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ, бахусус воридотивазкунандаро, зиёд карда, талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти рақобатпазир таъмин менамоянд.  Ҳамин аст, ки соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ бе назардошти соҳаи энергетика ба беш аз 120 дарсад расид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 дарсад баробар ва дар муқоиса ба як соли пеш 5,7 миллиард сомонӣ бештар аст. 

Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, моҳи феврали соли равон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли рафта аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61,4 дарсад ба саноати коркард, 20,4 дарсад ба саноати истихроҷ, 17,8 дарсад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 0,4 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо рост меояд. Сармоягузорӣ аз рӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ беш аз 5,6 миллиард сомониро ташкил дода, ба саноати истеҳсол, тақсимоти неруи барқ, газ, об, коркард ва саноати истихроҷ нигаронда шудааст.

ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА  ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ
Соли гузашта корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати афзоиш дар муқоиса ба соли қаблӣ 21,7 дарсад зиёд мебошад. Дар соҳаи саноати сабук зиёда аз навад корхонаю коргоҳи нав ба қайд гирифта шуд. Содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар афзуда, 281 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.  
Гуфта шуд, ки бунёди ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар самти амалишавии Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муҳим арзёбӣ мегардад. Дар соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ наздики 7,3 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол шуда, суръати афзоиш 1,5 маротиба бештар таъмин гардид. Тибқи ҳисоботи расмӣ, коркарди пӯсти чорво ба 1,1 миллион дона расид.
Чуноне аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттилоъ доданд, соли рафта дар доираи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 истеҳсоли пилла ба 389 тонна расид, ки чунин ҳолат нигаронкунанда мебошад. Ҷиҳати таъсиси маҷмааи коркарди нахи пахта бо Ширкати «БТК Групп»-и Россия ва ҷиҳати коркарди пилла бо Ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат»-и Ӯзбекистон ҳамкориҳо тақвият ёфта истодаанд.

РӮ БА РУШД.  ДАР БОРАИ СОҲАИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ
Нишондиҳандаи истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо тамоюли болоравӣ дорад. Дар натиҷаи дастгириҳои фароҳамгардида, корхонаҳои соҳа ба маблағи 12,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки 29,1 дарсади ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додааст.  
Сарфи назар аз дастовардҳо, корхонаҳои «Зарафшон», «Пакрут», «Заринк» бо коҳиши ҳаҷми истеҳсоли тилло, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин» ба хокаи бойгардондашудаи руҳу мис ва корхонаи «КМ Анзоб» ба хокаи сурма роҳ додаанд. Интизор меравад, ки бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар ҷумҳурӣ ба 13,5 миллиард сомонӣ расонда шавад.

БУНЁДИ 505 КОРХОНАЮ КОРГОҲ БО  5475 ҶОИ КОРӢ ДАР ЯК СОЛ 
Тибқи маълумоти оморӣ соли гузашта дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар 505 корхонаю коргоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки ба саноати хӯрокворӣ, сабук, сохтмон, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳо марбут мебошад. Дар онҳо 5475 кас соҳиби ҷойи кор шуд. Аз ҳисоби корхонаю коргоҳҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ панҷ дарсадро ташкил медиҳад.  

СОДИРОТИ АНГИШТ ДАҲ  МАРОТИБА БОЛО РАФТ
Дар ин муддат истихроҷи ангишт аз тарафи чордаҳ корхонаи соҳа дар ёздаҳ кон ба 2 миллиону 394 ҳазор тонна расид, ки зиёд мебошад. Бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷоннок намудани корҳои қабаткушоӣ, нақбканӣ, омодасозӣ ва барқароркунӣ аз тарафи корхонаҳои соҳа дар давраи ҳисоботӣ беш аз 65 миллион сомонӣ маблағ ҷалб шуд. Воридоти техникаву таҷҳизот ва афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон доданд, ки ҷойҳои кории нав бештар гарданд. Содироти ангишт дар муқоиса ба як соли қаблӣ даҳ маротиба афзуда, ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва Афғонистон 371,4 ҳазор тонна ангишт ба маблағи 9,3 миллион доллар фурӯхта шуд. Ҳаҷми ангишти истихроҷгардида ва содироти он дар таърихи кишвар баландтарин нишондиҳанда мебошад.

НАТИҶАИ БАЛАНДИ ТАВЛИДИ  МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ
Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли қаблӣ бештар буда, 3,8 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳиссаи корхонаҳои сементбарорӣ дар маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 65 дарсад баробар шуда, давоми соли рафта истеҳсоли семент ба беш аз 4,3 миллион тонна расид, ки назар ба соли пешӣ 72,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Корхонаҳои сементбарорӣ давоми панҷ соли охир талаботи бозори дохилиро пурра таъмин намуда, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ, маҳсулот содирот менамоянд. Аз ҷумла, соли рафта ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Афғонистон 1,3 миллион тонна семент ба маблағи 480,5 миллион сомонӣ содирот шуд. Порсол бо ҷалби сармояи дохилӣ дар соҳа 30 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ ба маблағи 150 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Оид ба иҷрои ҳидоятҳои Президенти кишвар ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ то моҳи апрели соли равон ҶДММ «Моҳир» дар ноҳияи Ёвон бо шарикони чинӣ корхонаи истеҳсоли гаҷкартонро бо иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ ва истеҳсоли 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон дар як сол ба маблағи 23 миллион доллар сохта, ба истифода медиҳад, ки дар он 150 кас соҳиби ҷои кори нав мегардад. Давоми солҳои охир дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон истеҳсоли маҳсулоти нави воридотивазкунанда семент, коркарди санг, гаҷкартон, шифер, қубурҳои асбестӣ, амстронг, бомпӯши битумӣ, рангҳои акрилию эмулсионӣ ва андоваҳои минералӣ ба роҳ монда шудааст.

СОДИРОТИ 50 ТОННА МАКАРОН БА ХОРИҶИ КИШВАР
Саноати хӯрокворӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути бунёди корхонаҳои муосир идома дода, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба беш аз 10,8 миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондод дар қиёс ба соли қаблӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар саноати хӯрокворӣ 660 корхона фаъолият дорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин,  Амрико ва Аврупо мунтазам меафзояд. Агар ба хориҷи кишвар як соли пеш ба маблағи 27,5 миллион доллар маҳсулоти саноати хӯрокворӣ содирот шуда бошад, ин нишондод соли гузашта 43,1 миллион долларро ташкил дод. Афзоиши ҳаҷми содирот, асосан, аз ҳисоби нӯшокиҳои ташнагишикан, желатин, меваи хушк ва маҳсулоти қаннодӣ мебошад. Соли рафта бори нахуст ба хориҷи кишвар 50 тонна маҳсулоти макаронӣ ба маблағи 45 ҳазор доллар содирот гардид.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив