ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6-уми ноябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи мардуми Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома ёфт.