ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "Мақоми мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст"

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "Мақоми мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст"

08 ноябр 2024, Ҷумъа
5
0



Масъалаи таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон амалан, аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Роҳбари нави Тоҷикистон, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Баъд аз Сарвари давлат интихоб шудан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври қатъӣ иброз намуданд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем». Ин изҳороти Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби Тоҷикистон дар дили мардуми кишвар шуълаи умедро бедор кард, халқ ба ояндаи Тоҷикистони озоду демократӣ, дунявию ҳуқуқбунёд ва ободу пешрафта боварӣ ҳосил кард ва он халқи «роҳгумкарда»-и мамлакатро дар гирди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуд.
Бояд зикр созем, ки ин яке аз масъалаҳои муҳимтарине буд, ки аксарияти мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш оварда буд, чунки Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом бо пайравону думравон ва хоҷагони берунаи худ мехост дар мамлакат давлати исломиро барпо намоянд ва бо ҳар роҳу восита (ташвиқу тарғиб, тарсондану зӯроварӣ) халқро маҷбур мекард, ки иқдоми мазкурро дастгирӣ ва пайравӣ намояд. Дар чунин вазъият изҳори қатъии бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд саривақтӣ ва тақдирсоз буда, аз ҷасорату боҷуръатии Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи стратегие, ки дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ, яъне барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва, дар ин замина, дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардану таҳким бахшидан ба истиқлоли давлатӣ зарур буд, ки ҳарчи зудтар Конститутсия таҳия ва қабул карда шавад. Ин амр 6-уми ноябри соли 1994 воқеъ шуд ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, 87,59 фоизи овоздиҳандагон ба тарафдории Конститутсия овоз доданд. 
Қабули Конститутсия, ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба он маҳз бо ташаббус, заҳмату талошҳо ва истодагарию пофишориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд. Дар онҳо масъалаҳои калидӣ – барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати ҳокимияти президентӣ, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ва ба мисли онҳо пешниҳод, қабул ва амалӣ гардиданд, ки ҳама баёнгари он мебошанд, ки, дарвоқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

"Ҷумҳурият"


Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив