ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ ОММАВИИ ВАРЗИШ – КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

РУШДИ ОММАВИИ ВАРЗИШ – КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

08 ноябр 2024, Ҷумъа
11
0


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар меъёрҳои арзишманд, рушди варзиши оммавӣ ва тарбияи ҷисмониро кафолат додааст. Ин нукта дар моддаи 38 Қонуни асосии кишвар дарҷ гаштааст.
Варзиш ҳамчун омили солимии аҳолӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва, албатта, муаррифии давлату миллат ҳисобида мешавад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ин ҷо муруре мешавад ба корҳое, ки давлат ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ анҷом додааст.
Пас аз нобасомониҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода Бозиҳои Осиёи Марказӣ доир гашт. Барои баргузор кардани ин чорабинии минтақавӣ Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт, толору маҷмааҳои мавҷуда таъмир ва дар шаҳри Турсунзода маҷмааи варзишии “Самандар – асри XXI” сохта шуд. Соли 2004 бошад, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хотири оммавияти варзиш чорабинии Дави олимпиро ташкил кард, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 Дави миллӣ ном гирифт ва ҳар сол ҳудуди ним миллион нафарро фаро мегирад.
20-уми декабри соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон мулоқот анҷом доданд ва пас аз он ба хотири фароҳам овардани шароит ҷиҳати машқу тамрини наврасону ҷавонон иншооти зиёди варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, аз ҷумла Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон”, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааҳои варзишии Кумитаи андоз, Хадамоти алоқа, “Тоҷикстандарт” (ҳоло МҶМОВ оид ба намудҳои якҳарбаи шарқӣ) дар шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара.
Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз соли 2019 дар пойтахт беш аз 400 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, майдончаҳои бозии кӯдакон дар кӯчаву маҳаллаҳо, маҷмааи бошукӯҳи Қасри теннис ва варзишҳои обӣ, намояндагии клуби футболи “Ювентус”-и Италия дар шаҳри Душанбе, Кохи олимпӣ, маҷмааҳои варзишии ДМТ, “Крокус”, “Парвиз Собиров” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони майдони футбол бо 30000 ҷойи нишаст идома дорад. 
Чанд соли охир сохтмони иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ вусъат гирифта, дар ноҳияи Данғара маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Ҷалолиддин Балхӣ, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Роштқалъа варзишгоҳҳо сохта шуданд, ки аз 2000 то 25000 ҷойи нишаст доранд.
Дар маҷмуъ, ба таъкиди Пешвои миллат, солҳои соҳибистиқлолӣ 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки асосан барои ҷавонон мебошад”. 

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.11.2024 №: 221-222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив