ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОЛИД АЛ-ФОЛИҲ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОЛИД АЛ-ФОЛИҲ

11 ноябр 2024, Душанбе
9
0


10-уми ноябр дар шаҳри Риёз Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолиҳ вохӯрданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.
Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд.
Таъкид гашт, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. 
Мусоҳибон бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатиро амри зарурӣ донистанд.
Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе – Ҷидда – Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе – Риёз – Душанбе низ роҳандозӣ гашта, дар ин замина, сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Санаи нашр: 11.11.2024 №: 224
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив